Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 21, 2021 16:22

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти соҳаи маориф аз 9 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешбини шудааст.

Дар бинои қаблии муассиса аз сабаби фарсуда будани он барои ба таълим фаро гирифтани наврасон шароити таҳсил ба талабот ҷавобгу набуд.

Бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорон бо назардошти фароҳам овардани шароити замонавии таълим барои наврасон сохта шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз шароити фароҳамшуда омӯзгоронро барои дар руҳияи хештаншиносӣ ва омӯзиши донишҳои муосир тарбия намудани наврасон вазифадор карданд.

Дар маҷмуъ дар иншооти соҳаи маориф 288 нафар дар ду баст ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Бунёду ба истифода додани бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар доираи амалишавии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини пешрафти соҳаи муориф ва дар ҳамин замина фароҳам овардани шароити муосир барои омӯзиш сохта шудааст.
Ифтитоҳи бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар ноҳияи Данғара 21.10.2021

Октябрь 21, 2021 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд