Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Осорхонаи ноҳияи Муъминободро мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 4, 2021 17:10

ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Осорхонаи ноҳияи Муъминободро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои Осорхонаи ноҳияи Муъминобод дар доираи амалӣ намудани тадбирҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва санъати баланди меъмории миллӣ бунёд карда шудааст.

Осорхонаи ноҳияи Муъминобод бо харҷи зиёда аз 4 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 45 нафар мутахассис ба кор ҷалб карда шуданд.

Осорхона 2-ошёна буда, дар ошёнаи якуми он 3 толори нигоҳдории нигораҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст, ки давраҳои гуногуни таърихи ноҳияи Муъминободро бозгӯ мекунанд.

Дар ошёнаи якуми иншоот толори калон дар масоҳати 256 метри мураббаъ, хазина, ҷойи посбонон ва даҳлез ҷойгир карда шудааст.

Ошёнаи дуюми осорхона аз толори намоишӣ дар масоҳати 256 метри мураббаъ иборат буда, дар он ҷои нигоҳдории нигораҳо, утоқҳои корӣ, ҳуҷраи карантинӣ, ҳуҷраи нигоҳдории либос, ташхисгоҳ ва дигар иншооти хизматрасонӣ мавҷуд аст.

Нигораҳо ва тасвирҳо дар осорхонаи мазкур аз гузаштаи таърихи куҳани ноҳияи Муъминобод шаҳодат дода, дар муаррифии ёдгориҳои он нақши муҳим дорад.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Муъминобод 50 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки дар натиҷаи кофтуковҳои археологии олимон қадимтарин бозёфтҳо пайдо гардида, дар осорхона ҳифзу нигоҳдорӣ карда мешавад.

Дар атрофи иншоот бо масоҳати 120 метр роҳравҳо навсозӣ гардидаанд.

Инчунин ҷиҳати зебо нигоҳ доштани иншооти мазкур дар атрофи он корҳои кабудизоркунӣ анҷом ёфта, дарахтони ороишию сояафкан шинонида шудаанд.

Дар шафати Осорхонаи ноҳияи Муъминобод қалъаи таърихи қадимадошта воқеъ аст, ки тибқи сарчашмаҳои муътамади илмӣ он мансуби асрҳои 11 ва 12 аст.

Саҳни осорхона ва қалъа бо амалӣ кардани тадбирҳои созандагӣ ободу зебо гардида, насби чароғакҳои ранга ва дигар ороишот ин мавзеъро ҷолибу диданӣ сохтааст.

Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат иншооти зиёди фарҳангӣ бо тарҳи муосир бунёд гардида, ёдгориҳои таърихӣ низ навсозӣ шудааст, ки ҳамасола даҳҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ аз онҳо дидан мекунанд.

Намоиши дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Муъминобод, ки ба таври густурда ороста шуд, дар он аҳли заҳмат маҳсули меҳнаташонро муаррифӣ намуданд.

Аз фаровонии меваҳои шаҳдбору аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сабзавоту зироати кишоварзӣ аён аст, ки дастовардҳои меҳнаткашон дар ин самтҳои хоҷагидорӣ афзун гардида, фаъолияти кишоварзон босамару натиҷабахш аст.

Намоиши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ низ ҷолиби диққат буд.

Атласу адрас ва чакану зардӯзиҳо, ки маҳсули ҳунари нотакрори занону бонувон ба шумор меравад, дар сатҳи шоиста ба маъраз гузошта шуданд.

Солҳои охир дар ноҳияи Муъминобод ҳунарҳои мардумӣ рушду тавсеа ёфта, фаъолияти бонувон дар ин самт густариш пайдо намудааст.

Ифтитоҳи Осорхона дар ноҳияи Муъминобод 04.10.2021

Октябрь 4, 2021 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд