Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карданд

Октябрь 5, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар доираи боздиди корӣ аз шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба орифону фарзандони баруманди халқи тоҷик оромгоҳи олим ва файласуфи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми кишвар, ободии ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек намуданд.

Бояд гуфт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбараи ин шахсияти шинохтаи олами илму маърифат, ки дар кишварҳои ҷаҳон пайравону эътиқодмандони зиёд дорад, таъмиру таҷдид шуда, ба макони зиёрат ва тамошои сокинону меҳмонони хориҷӣ табдил ёфтааст.

Маҳз эътирофи мартабаи баробарию бародарии башарият, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифатнокии аҳолӣ, тарғиби фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ, инчунин хизмати ин олими барҷаста дар рушди забони тоҷикӣ ӯро машҳури ҷаҳон карда буд.

Зимни шиносоӣ бо вазъи оромгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Осорхонаи шаҳри Кӯлоб барои дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб 05.10.2021

Октябрь 5, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд