Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Меҳргон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар таҷлили ҷашни Меҳргон иштирок карданд.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматкашони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом дода, барои баланд бардоштани маҳсулнокии заминҳои корам маслиҳатҳои муфид доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нишондиҳандаҳои нуҳмоҳаи соли ҷорӣ, дар тамоми бахшҳои кишоварзии ноҳия пешравиҳои назаррас ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра истеҳсоли пахта, ғалла, картошка, полезиҳо, пилла ва ширу тухм зиёд шуда, тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 110,2 фоизро ташкил додааст.
Дар намоиши мазкур ҳамчунин меваҳои шаҳдбор, сабзавоту полезӣ, асал, зироати хӯроки чорво ба маъраз гузошта шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2021 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони 791 гектар кишти барвақтии зироат гузаронида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 46 гектар зиёд мебошад.
Тибқи натиҷагирӣ аз моҳи январ то моҳи сентябр, аз хоҷагиҳои ноҳия 81 ҳазору 385 тонна сабзавот, 39 ҳазору 319 тонна полезӣ ва 11 ҳазору 483 тонна мевагӣ ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварда шудааст. Дар ин давра истеҳсоли асал ба 38 тонна баробар гардид.
Аҳли заҳмат рушди соҳаи кишоварзиро натиҷаи амалишавии саривақтии барномаҳои давлатӣ, дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани имтиёзҳои соҳавӣ арзёбӣ намуданд.
Дар чорабинии имрӯза ҳамчунин бонувони ноҳия гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил карданд.
Бонувони ҳунарманд бо пешниҳоди хӯрокҳои гуногуни миллӣ, навъҳои нон, кулчақандҳои болаззат ҳар гуна кашидадӯзиву гулдӯзиҳоро низ пешкаш намуданд.
Сесолаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро иштирокчиён омили асосии эҳё гардидани ҳунарҳои миллӣ ва рушди омӯзиши он миёни ҷавонон арзёбӣ намуданд.
Зимни суҳбатҳои самимӣ кишоварзону ҳанармандон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории пайваста, дастгирии ҳунармандон ва эҳёи оину суннатҳои бостонӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани мақоми ҷашни Меҳргон изҳори миннатдорӣ карданд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 6640 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан беш аз ҳазор иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ РОҲҲОИ ОБОДИ ДЕҲОТ БАРОИ СОЛҲОИ 2023-2028». Ва ё чӣ қадар роҳҳои маҳаллӣ таъмир гардиданд?
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Дар Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои томактабӣ меафзояд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 90 фоизи иншооти банақшагирифташуда ба истифода дода шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон 113 муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ зиёда аз 28 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд






