Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии рақами 42-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 1, 2021 07:57

ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Мактаби нави деҳаи Навободи деҳоти Меҳнатободи ноҳия бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» бунёд гардидааст.

Иншооти мазкур аз 2 ошёна, 13 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ ва китобхона иборат буда, дар он 528 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 аз шароити синфхонаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, омӯзиши технологияи компютерӣ, китобхона ва кабинетҳои фаннӣ дидан намуданд.

Синфхонаи омӯзиши технологияи компютерии ин муассисаи таълимӣ бо 24 адад компютери муосиру тахтаи электронӣ, кабинетҳои фанни химия, биология, физика ва китобхонаи мактаб пурра бо лавозимоти зарурӣ ва аёнияти хониш ҷиҳозонида шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар бинои нави муассисаи таълимӣ ва таъмини он бо шароити замонавии донишандӯзӣ баҳои баланд дода, хонандагонро ба омӯзиши ҳарчи бештари барномаи таълимӣ, аз ҷумла фанҳои дақиқ, ширкат дар озмунҳои фаннӣ, мутолиаи китобу асарҳои бадеӣ иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм — фурӯғи маърифат” ҳидоят намуданд.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и деҳаи Навободи деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ айни замон 485 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар асоси татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат дар баробари бунёди муассисаи нави таълимӣ бинои пештараи мактаби рақами 42, иборат аз 11 синфхона пурра аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Бинои нави муассисаи таълимӣ бо шабакаи мустақили гармидиҳӣ пайваст буда, дар шафати он майдончаи хурди варзишӣ барои ташкили машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои рушди соҳаи маориф ва беҳдошти сатҳи таълим, таъмини ҷойҳои нишасти хонандагон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 муассисаи нави таълимӣ  мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорон ва аҳли маорифи ноҳияро вазифадор намуданд, ки ба кори таълиму тарбия таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба камол расонанд.

Ифтитоҳи Муассисаи таълимии рақами 42-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 01.10.2021

Октябрь 1, 2021 07:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Ноқили Турсунзода»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беш аз 700 метр роҳи кӯчаҳои шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон мумфарш карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар иншооти ҷашнии шаҳри Ҳисор 1034 ҷойи кор таъсис дода шудааст
Оид ба таҳкими истиқлоли илмӣ ва рушди он дар замони муосир ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ. Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши бошукуҳи идона баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Бадахшон дар шаш моҳ 25 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бӯстон озмуни шаҳрӣ ҷамъбаст гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Темурмалик 43 иншоот ба истифода дода шуд
Дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Ҳисор иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд