Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 28, 2021 12:05

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳраки Балхӣ бинои нави Осорхонаи ноҳиявиро ифтитоҳ намуданд.

Бинои осорхона дар асоси дастуру ҳидоят ва сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ифтихори солгарди 30-юми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълони солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст.

Дар бинои хуштарҳу замонавии Осорхонаи ноҳиявӣ, ки аз 5 ошёна иборат мебошад, инчунин китобхонаи марказӣ, идораи бойгонӣ ва рӯзномаи ноҳиявии “Навиди Балх” бо матбаа ҷой дода шудааст.

Осорхонаи ноҳиявӣ дар ошёнаҳои якум ва дуюм ҷойгир буда, дар рафҳои намоишӣ бештар аз 3500 нигораи таърихӣ нигоҳ дошта мешавад.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аксарияти нигораҳо аз гӯшаву канори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ёфт гардидаанд. Нигораҳо давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик, шурӯъ аз асри 6-и пеш аз мелод то замони навро дар бар мегиранд. Мероси таърихии Кофирқалъа ё Ҳалевард, ки мансуби асри 6-7 то мелод аст, зиннатбахш ва василаи ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба осорхонаи тозабунёди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.

Дар натиҷаи ковишҳои археологӣ исбот шудааст, ки Ҳалевард то солҳои 740 мелодӣ дар масоҳати 13,5 гектар замин ҷойгир буда, дарозӣ ва паҳноии он 460 метрро ташкил медод.

Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз димнаи Кофирқалъа маводи зиёд — зарфҳои кулолӣ (сафолӣ), шишагӣ, оҳанӣ, инчунин ашёи аз устухону санг сохташуда дарёфт карда шудаанд, ки онҳоро бостоншиносон ба гурӯҳҳо ҷудо намуданд. Ҳамчунин ёдгориҳои сершумори санъати мутааллиқ ба дини буддоӣ аз даруни куҳандиз ва хонаҳои истиқоматӣ дарёфт карда шуданд.

Мутахассисон ин бозёфтҳоро ҳаматарафа омӯхта, ба кадом давр тааллуқ доштани онҳо, ҳамчунин ба маданияти кадом минтақаҳо омехта буданашонро муайян кардаанд.

Намунаҳои мероси таърихии Кофирқалъа ё Ҳалевард дар бинои осорхонаи нав ба маъраз гузошта шудааст, ки муаррифи таърихи қадимаи миллати тоҷик мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони осорхона дастур доданд, ки паҳлуҳои норушани мероси фарҳангиву таърихии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди омӯзиш қарор дода, ба ҷаҳониён ба  таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Зимни шиносоӣ бо осорхона таъкид шуд, ки ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ арзиши баланди таърихии миллати тоҷикро доро буда, қисмати муҳими Роҳи Абрешим тавассути ҳамин ноҳия то Аҷинатеппа мерасид ва воситаи муҳими тиҷорат маҳсуб меёфт. Дар ҳудуди ноҳия аз тарафи бостоншиносон ду корвонсарой кашф гардидааст.

Дар умум, ҳар меҳмони Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ метавонад бо гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик пурра ошноӣ пайдо намояд.

Нигораҳои ҷолиби дигаре, ки дар осорхона гузошта шудаанд, ин скалатитҳои дорои таърихи 3 миллион сол, сарнайзаҳои асрҳои ибтидоӣ, гӯшаи табиат бо хӯсаҳои ҳайвоноти нодири шомили Китоби сурх, кӯзаҳои асри биринҷӣ, кӯзаҳои замони Кӯшониён, намунаҳои заргарӣ, диарамаҳои табиат ва даҳҳо осори бостонии миллати тоҷик мебошад.

Бояд таъкид кард, ки таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ яке аз афзалияти сиёсати фарҳангии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ зимни сафар ба кишвари мо ба мероси таърихию фарҳангӣ  таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дастур доданд, ки барои фаъолияти минбаъдаи осорхона роҳбаладони забондону касбӣ ба кор ҷалб гарданд, то ҳар нигораи таърихӣ ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ дақиқ ва ҳамаҷониба муаррифӣ карда шавад. Зеро осорхона маконест, ки ба воситаи ёдгориҳои қадима метавонад ба тамошобин таъсир гузошта, шахсро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба осори антиқӣ, зебоипарастӣ ва дарки олами нафосат тарбия намояд.

Ифтитоҳи бинои Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 28.10.2021

Октябрь 28, 2021 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сангвор 100 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамоиш доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 6640 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан беш аз ҳазор иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ РОҲҲОИ ОБОДИ ДЕҲОТ БАРОИ СОЛҲОИ 2023-2028». Ва ё чӣ қадар роҳҳои маҳаллӣ таъмир гардиданд?
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада