Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ бо роҳбари лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд

Октябрь 12, 2021 15:42

ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти содагардонии расмиёти савдо ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ мулоқоти раиси Кумита Муҳаммадсаид Файзуллозода бо роҳбари лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ хонум Фелиситас Зик баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ.

Дар мулоқот роҳбарияти мақомоти бехатарии озуқаворӣ изҳор намуд, ки дар идомаи ҳамкорӣ ҷиҳати беҳтаргардонии шароити корӣ ва содагардонии самтҳои фаъолият, аз ҷумла дар ташкили шабакаҳои дохилӣ (серверӣ) ва барномаи ягона барои содагардонии расмиёти савдо дар заминаи татбиқи ҳукумати электоронӣ, аз ҷониби лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ дар ин самт дастгирӣ карда шавад. Зеро рушди соҳаро дар самти содагардонии расмиёти савдо ва таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар замони муосир бе татбиқи ҳукумати электронӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

«Таҷрибаи кишварҳои пешрафта собит намудааст, ки бо татбиқи ҳукумати электронӣ ва ташкили шабакаҳои дохилӣ онҳо тавонистанд маҳсулоти озуқавориро аз саҳро ва ё ферма то ба истеҳсол, коркард, бастабандӣ, ворид ба бозори истеъмолӣ ва содирот намудан зери назорати доимӣ  қарор диҳанд»,-афзуд Муҳаммадсаид Файзуллозода.

Вобаста ба ҳалли ин масъалаҳо ҳамкорӣ идома ёфта, доир ба ташкили шабакаҳои дохилии Кумита дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ оид ба пешбурди самтҳои фаъолият, бозомӯзии кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ, инчунин ҷиҳати пиёда намудани сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон барои ноил шудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз бахшҳои он содагардони расмиёти савдо дар кишвар аст, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ

Октябрь 12, 2021 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад