РАНГ БИНУ ҲОЛ ПУРС. Ва ё чаро супориши Пешвои миллат ҷиҳати ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар ноҳияи Рӯдакӣ иҷро намешавад?
РӮДАКӢ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонии ноҳияи Рӯдакӣ(ДАР АКС), ки ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд гардида буд, садҳо нафар шаҳрвандони ноҳия кор менамуданду ин корхонаи калон ноҳия ва як қисми шаҳри Душанберо бо маҳсулоти гуногуни нонӣ таъмин менамуд. Вале пас аз хусусӣ гардидани он ва беаҳамиятии масъулини ноҳияву соҳибкорон корхонаи бузурги истеҳсоли маҳсулоти нонӣ аз кор монд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли паёмҳои ҳарсолаи хеш ва мулоқоту суханрониҳо пайваста ба масъулин супориш медиҳанд, ки ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар натиҷаи иҷрои супоришҳои созандаи Пешвои миллат ва меҳнати софдилонаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон мо метавонем ҳадафи чорум-саноатикунонии мамлакатро, ки таъминкунандаи фардои гулафшони Ватан ба ҳисоб меравад, сарбаландона таъмин намоем.
Вале дар ин замина, яъне иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат бархе масъулин саҳлангорӣ менамоянд. Аз ҷумла, тайи солҳои зиёд барои барқарор намудани корхонаи азими истеҳсоли маҳсулоти нонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳеҷ иқдоме гирифта нашудааст.
Барои гирифтани маълумоти пурра дар бораи ин корхона хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиати шифоҳӣ намуд, вале дар ҷавоб ба ӯ гуфтанд, ки “мудири бахши амволи ноҳия метавонад ба саволҳои шумо ҷавоб гӯяд, вале ҳоло ӯ дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад”, яъне масъулин бо ин баҳона маълумот доданро рад намуданд.
Масъулини ноҳияи Рӯдакиро зарур аст, ки бо соҳибкоре, ки айни замон ин корхона дар ихтиёраш қарор дорад, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ин корхонаи бузургро ба иқтидори истеҳсолии пешинааш баргардонанд. Дар сурати ба кор даромадани он даҳҳо нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин гардида, ба ин восита метавон дар амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ -саноатикунонии мамлакат саҳм гузошт.
Тибқи зарбулмасали “Ранг бину ҳол пурс” аксҳои зер манзур мешаванд, ки дар онҳо дохили корхонаи мазкур мунъакис гаштаанд.



АКСҲО:АМИТ «Ховар»








Дар Суғд Форуми байналмилалии «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ» баргузор мегардад
Деҳқонони хоҷагии «Ёрмуҳаммад»-и ноҳияи Кӯшониён бозори дохилиро бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин менамоянд
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 16 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ҳамоиш доир шуд
Дар доираи RES-2026 ҳамкории иқлимии кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад
Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Мински Беларус ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Дар АМИТ «Ховар» доир ба масъалаи муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон беш аз ҳазор гармхонаи доимамалкунанда фаъолият менамоянд
Дар ноҳияи Айнӣ майдони кишти картошка зиёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Се ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ карда шуд
Дар Душанбе Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказӣ таъсис меёбад






