Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаҳои доимоамалкунанда дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан намуданд

Октябрь 1, 2021 14:15

ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи навтаъсиси ҳудуди деҳоти “Панҷоб”-и ноҳия шинос шуданд.

Гармхонаи мазкур давоми як соли охир бунёд карда шуда, масоҳати умумии он 1 гектарро ташкил медиҳад.

Соҳибкорони ватанӣ бо дарназардошти таъмини фаровонию арзонии бозор ва пешниҳоди маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаву безарар гармхонаи замонавиро бунёд кардаанд. Бо ташкили гармхонаҳои замонавӣ беш аз 30  нафар сокини ноҳия бо шуғли доимӣ ва кори мавсимӣ фаро гирифтаанд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, гармхонаи помидор бо истифода аз таҷрибаи кишоварзони туркӣ бунёд гардида, обу ғизодиҳӣ тавассути таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.

Таҷҳизоту дастгоҳҳои гармхонаи муосир аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, айни ҳол барои парвариши помидор нигаронида шудаст. Технологияи нигоҳубини маҳсулот дар гармхонаҳо ба таври худкор сурат гирифта, ҳосилнокиро хеле баланд мебардорад. Гармхонаҳои мазкур тамоми сол фаъолият карда, ҳарорати дохили онҳо бо усулҳои ҷадиди гармидиҳӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Дар ин ҷо тухмӣ ва парвардаи помидор бо меҳнати худи саҳмдорон   тайёр карда мешавад. Бо таъмини чунин фазои муносиб деҳқонони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имкон доранд, ки беш аз 200 тонна помидори тару тоза ва хушсифат истеҳсол намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси чунин гармхонаҳои муосирро омили муҳими тавлиди маводи хурокаи босифат  арзёбӣ намуда, ба масъулин дастур доданд, ки минбаъд низ бо истифода аз усулҳои ҷадиди рушди кишоварзӣ корро ба роҳ монанд.

Деҳқонони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ният доранд масоҳати гармхонаҳои амалкунандаро зиёд намоянд.

Иқдоми заҳматкашон дар фаровонии маҳсулот, таъмини бозорҳо бо сабзавот, инчунин танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ муҳим мебошад.

Гармхонаҳои мавсимӣ дар ноҳия 5,5 гектарро ташкил медиҳад, ки ҳамасола кишоварзон аз ҳисоби он ҳазорҳо тонна помидору бодиринги тару тоза истеҳсол мекунанд.

Маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Ҳамадонӣ талаботи сокинони ноҳияро пурра қонеъ карда, ба бозорҳои марказии шаҳри Кӯлоб низ интиқол дода мешавад.

Бо бунёди гармхонаҳои доимоамалкунанда майдони гармхонаҳои   доимӣ ба 2 гектар расид. Дар онҳо барои рӯёнидани ҳосили фаровон ва дар як мавсим гирифтани ду се ҳосили хеле мусоид аст.

Соҳибкорони ватанӣ боз дар масоҳати қариб 2 гектари дигар гармхонаҳои замонавии лимӯпарвариро бунёд кардаанд.

Иқлиму шароити ноҳияи Ҳамадонӣ барои парвариши лимӯ мусоид аст. Меваҳои ситрусии кишвари мо, аз ҷумла лимӯ дар хориҷии кишвар харидорони зиёд дорад. Содироти он ба деҳқонон даромади зиёди иқтисодӣ меорад.

Бо бунёди чунин гармхонаҳои лимӯпарвари боз даҳҳо нафар сокинони ноҳия бо шуғли мавсимӣ таъмин мегарданд.

Дар масоҳати 1,8 гектари гармхона то ба ҳосил омадани лимӯ дар дохили қаторҳои боғ, картошка, қулфинай ва дигар зироати серталабро истеҳсол мекунанд.
Боздид аз гармхонаҳои доимоамалкунанда дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 01.10.2021

Октябрь 1, 2021 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд