Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара дидан намуданд

Октябрь 21, 2021 16:15

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.

Данғара яке аз калонтарин ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, сокинонаш бо роҳандозии таҷрибаи нави кишту парвариши зироат ва аз як қитъа гирифтани чанд ҳосил дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот муваффақиятҳоро афзун намуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имсол кишоварзони ноҳия дар майдони 38 419 гектар кишти зироат гузарониданд.

Меҳнаткашони ноҳияи Данғара ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба ҳолати якуми октябри соли равон ба 1 миллиарду 99 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшуда 22 фоиз ба соҳаи чорводорӣ ва 78 фоиз ба растанипарварӣ рост меояд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳолати кунунии ҷаҳон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ кишоварзонро дар асоси таҷрибаи муосири кишту парвариши зироат барои аз як қитъа гирифтани 3-4 ҳосил ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани самаранокии замин вазифадор намуданд.

Имсол меҳнаткашони ноҳияи Данғара дар майдони 4 680 гектар кишти пахта гузарониданд.

Ба ҳолати 20 октябри соли равон 10195 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз дурнамо 1127 тонна зиёд аст.

Истифодаи муфиди имкониятҳои табиии ноҳияи Данғара барои бунёди боғу токзор ба афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли мева мусоидат намудааст.

Дар ин давра аз ноҳияи Данғара ба дигар давлатҳо 3 миллиону 575 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 548 тонна зиёд мебошад.

Зимни пешниҳоди маҳсулоти нонӣ, намудҳои гуногуни таомҳои миллӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ бонувони ноҳияи Данғара маҳорати баланди ҳунармандии худро муаррифӣ намуданд.

Пухтани таомҳои миллӣ, ки маҳорати баландро тақозо мекунад, бонувон дар омода кардани он ҳунари воло нишон доданд.

Ҷашни Меҳргон, ки натиҷагирӣ аз ҷамъоварии ҳосил, захира кардани маводи ғизоӣ ва табодули таҷриба байни кишоварзон мебошад, хоҷагидорони ноҳияи Данғара талош доранд ҳосили дар саҳро бударо ба пурраги ҷамъоварӣ ва кишти тирамоҳиро бо риояи талабот ба анҷом расонанд.
Боздид аз Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара 21.10.2021

Октябрь 21, 2021 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд