Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғдро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд бинои 7-ошёнаи маъмурии Прокуратураи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд соли 2018 оғоз гардида, бо сифати баланд ва риояи талаботи шаҳрсозию меъморӣ анҷом дода шудаанд.
Дар бинои асосии Прокуратураи вилояти Суғд 111 хуҷраи корӣ, осорхона, китобхона, толори варзишӣ ва утоқҳои техникӣ мавҷуд аст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои кормандон шароити мусоиди фаъолият фароҳам мебошад.
Бинои дигари иншооти мазкур аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ошхона барои 90 ҷои нишаст ва дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ б0 300 ҷои нишаст ҷойгир аст.
Ҳангоми шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони он мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Прокуратураи вилояти Суғд барои таъмини волояти қонун дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, таҳкими назорати прокурорӣ, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва терроризму экстремизм дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар саҳн ва атрофи он бо анҷоми тадбирҳои ободонӣ гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шудаанд.









Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия






