Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик Корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт»-ро мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 21, 2021 10:05

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик Корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чарм” бунёд гардидааст.

Масоҳати иншоот, ки аз 3 ошёна иборат аст, 786 метри мураббаъ мебошад.

Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт” дар асоси супоришҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили корхонаҳои ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, махсусан дар деҳоти кишвар сохта шудааст.

Дар ошёнаи 1-уми бино коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият мекунад, ки бо 30 мошинаи дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизот барои дӯхти сару либоси занонаву мардона ва либосҳои ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи дӯзандагӣ 40 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Барои такмили ҳунари дӯзандагии онҳо масъулин мутахассисонро аз пойтахти кишвар ҷалб намуданд. Қисме аз кормандони ин коргоҳи дӯзандагӣ, ки сокинони деҳаи Кангурт ва деҳаҳои атрофи он мебошанд, то ин вақт фаъолиятро дар хонаҳояшон идома медоданд. Акнун бо бунёди Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт” чеварони маҳаллӣ корро дар шароити беҳтар идома медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳи дӯзандагӣ давоми 1 сол то 27 ҳазор либоси занонаву мардона ва сару либоси низомӣ дӯхта мешавад.

Дар ошёнаи 2-юми иншоот истеҳсоли пойафзол ба роҳ монда шудааст. Дар коргоҳ асосан пойафзоли чармӣ, ки дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талабот ба он зиёд аст, истеҳсол мегардад. Вобаста ба талабот кормандони коргоҳ пойафзолро барои наврасону калонсолон ва низомиён низ пешниҳод мекунанд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як рӯз аз 300 то 500 адад пойафзол мебошад. Роҳбарияти корхона нақша дорад, ки дар оянда истеҳсолотро дар ин самт афзун намоянд.

Дар иншооти навбунёд дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик дар маҷмӯъ наздики 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.

Қабати сеюми бино меҳмонхонаи замонавиро дар бар мегирад. Дар он ҳуҷраҳои муосир бо катҳои хоб, иншооти ёрирасон ва ғайра ҷойгир карда шудаанд.

Дар ҳудуди иншоот ҳамчунин толори намоиши маҳсулоти Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт” бунёд гардида, дар он намунаи маҳсулоти корхона ба маъраз гузошта мешавад.

Дар қисми дигари корхона мағоза низ сохта шуда, маҳсулоти Корхонаи “Пойафзоли Кангурт” ба фурӯш бароварда мешавад.

Маҳсулоти корхона дорои сифати хуб ва рақобатпазир буда, қисме аз он барои содирот пешбинӣ мешавад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти коргоҳҳои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, бобати афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва ба ин восита саҳмгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт” дар ноҳияи Темурмалик 21.10.2021

Октябрь 21, 2021 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд