Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 5, 2021 10:31

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 оғози расмӣ бахшиданд.

Таълимгоҳ дар ду баст барои 600 хонанда пешбинӣ гардида, бо дарназардошти талаботи муосир бунёд ёфтааст ва аз синфхонаҳои барҳавову замонавӣ иборат мебошад. Аз ҷумла, барои таълиму тарбияи толибилмон лабораторияҳои фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология ва физика ташкил гардидаанд. Ба хотири омӯзиши касбу ҳунар дар муассисаи мазкур синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона ташкил ёфта, бо тамоми аёнияти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Зимни боздид ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки бунёди муассисаи мазкур мушкилоти аҳолии маҳаллаи Чаманзорро дар самти надоштани таълимгоҳ ҳал намуд, зеро то ин дам хонандагон роҳи дарозро тай намуда, барои дарс омӯхтан ба маркази шаҳри Кӯлоб мерафтанд.

Бояд ёдовар шуд, ки имсол аз маҳали зарардида 35 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ бо мусоидати Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ барои таҳсил ба коллеҷҳо ва мактабҳои олии Тоҷикистон ба таври имтиёзнок дохил гардиданд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Далер” бунёд гардидааст.

Муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхонаву дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад ва дар дохили он ҳамчунин ошхона бо имконияти муосир ва толори варзишӣ ҷой дода шудааст. Барои фарогирии толибилмон ба китобхонӣ дар дохили иншоот китобхонаи замонавӣ ҷой дода шудааст, ки дар он китобҳои фанниву бадеӣ дастрас мебошанд.

Роҳрав ва дохили муассисаи таълимӣ бо санъати баланд бунёд ёфта, барои омӯзгорон ҳуҷраҳои корӣ ташкил гардидаанд. Иншоот дар масоҳати як гектар бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, ҳудуди муассиса сафолакпӯш карда шудааст. Ҳамчунин дохили муассиса бо гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зиннат дода шудааст. Дар назди таълимгоҳ як майдончаи муосири замонавӣ бунёд ёфта, барои гузаронидани машғулияти варзишӣ имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ соли 2019 оғоз гардида буд. Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, туҳфаи арзанда барои сокинони маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб маҳсуб меёбад.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаро сазовори таҳсину дастгирӣ арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин ба хонандагон тавсия доданд, ки имконоти фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, илмҳои замонавиро ҳамаҷониба аз худ намоянд, то дар оянда мутахассиси соҳибтаҷриба гарданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 46 дар шаҳри Кӯлоб 05.10.2021

Октябрь 5, 2021 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан 100 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 31 иншоот ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд 964 иншооти ҷашнӣ бунёд карда шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар гимназияҳои рақами 1 ва 4-и шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои иловагӣ идома дорад
Дар Суғд 84 корхонаи нав бо 536 ҷойи кор ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ мумфаршкунии роҳи дохилидеҳавӣ оғоз ёфт
Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд