Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 28, 2021 12:14

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон хати оби нӯшокиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Хати оби нӯшокӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” бунёд гардид.

Нахуст ба Сарвари давлат ҷараёни татбиқи Лоиҳаи “Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи умумии 5 миллиону 975 ҳазор доллари америкоӣ амалӣ карда шудааст.

Бо татбиқи муваффақонаи лоиҳа, ки бо саъю талошҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, наздики 5000 хоҷагии маркази маъмурии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ-шаҳраки Балх, ё тақрибан 20 ҳазор нафар бо оби тозаи нӯшокӣ шабонарӯзӣ таъмин шуданд.

Дар доираи лоиҳа корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла 4 километр қубурҳои обпартои обу корез ва дар масофаи 5 километр хобонидани қубурҳои қутрашон гуногуни байникӯчагӣ анҷом дода шудаанд.

Бунёду сохтмони қубури асосии баландфишору худҷоришаванда, истгоҳи нави обтаъминкунӣ, барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии мавҷудаю обанбор, барқарорсозии истгоҳи нассосӣ, таҷдиди коллекторҳои мавҷудаи канализатсионӣ дар шаҳраки Балх ва харидориву насби ҳисобкунакҳои об аз тадбирҳое мебошанд, ки дар доираи  лоиҳаи “Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” иҷро гардиданд.

Сохтмони ташхисгоҳ, бинои насосҳои обкаши 1-ум ва 2-юми барориш, ҳавзҳои обтакшинкунанда, ҳавзҳои захиравии Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва корезӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ аз зумраи тадбирҳои анҷомёфта дар доираи лоиҳа мебошанд.

Тадбири мазкур дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал — “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” татбиқ шуда, мақсад аз он таъмини сокинони шаҳраки Балх бо оби нӯшокӣ мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки дар доираи лоиҳа сохтмони бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва корезӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сомон ёфта, он комилан муҷаҳҳаз карда шуд.

Бунёди биноҳои ёрирасони корхона низ дар чаҳорчӯбаи амалишавии ҳамин тарҳ бо сифати хуб анҷом дода шудааст.

Инчунин дар доираи муҷаҳҳазгардонии корхона 1 адад автомашинаи асенизатсионӣ, мошини садамавӣ-техникӣ, экскаватор, автоманипулятор, автобус, компрессор, таҷҳизоти кафшергарию асфалтбурӣ ва ғайра дастрас гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми амалишавии лоиҳа зиёда аз 100 нафар сохтмончию муҳандис ба кори мавсимӣ ҷалб шуданд. Бо ба анҷом расидани лоиҳа шумораи кормандони доимии корхона аз 22 ба 36 нафар расид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки масъалаи дастрасии пурраи аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ аз ҳадафҳои аслии роҳбарияти давлату Ҳукумат маҳсуб ёфта, ин раванд дар мамлакат тавассути татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои ҷумҳуриявӣ марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.

Ба истифода додани хати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 28.10.2021

Октябрь 28, 2021 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сангвор 100 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамоиш доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 6640 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан беш аз ҳазор иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ РОҲҲОИ ОБОДИ ДЕҲОТ БАРОИ СОЛҲОИ 2023-2028». Ва ё чӣ қадар роҳҳои маҳаллӣ таъмир гардиданд?
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада