Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди ширро дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд

Октябрь 21, 2021 15:13

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара корхонаи коркарди “Шири Хуррамзамин”-ро ифтитоҳ бахшиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти кории хатҳои истеҳсолӣ дар коргоҳи коркарди шир, ки бо истифода аз технологияи муосир якчанд намуди маҳсулот истеҳсол мекунад, шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини бехатарӣ ва бо сифати баланд пешниҳод намудани маҳсулоти тайёр ба аҳолӣ нахуст махсулоти ширї дар ташхисгоҳи корхона, ки дорои дастгоҳҳои махсус мебошад санҷида мешавад.

Корхонаи коркарди “Шири Хуррамзамин” дар доираи тадбирҳои созандагӣ бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидакбар Сидиқов дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи комбинати “Шири Душанбе” ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар он 30 нафар сокини деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шариф бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз коркарди 5 тонна шир мебошад.

Дар қисми дигари корхона ҳамзамон коргоҳҳои хурди истењсоли панир ва яхмос бунёд гардидааст, ки дар ин ҷо ҳамарӯза то 2,5 тонна шир коркард мешавад.

Дар коргоҳҳои мазкур 10 нафар сокини маҳаллӣ баъд аз омӯзиши нозукиҳои технологияи муосир соҳиби ҷойи кор гардиданд.

Раванди истеҳсолот дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Хуррамзамин” тариқи автоматӣ ба роҳ монда шудааст ва коргарону мутахассисон бештар ҳангоми истеҳсол ба сифат ва тамъи маҳсулот аҳамият медиҳанд.

Маҳсулоти асосӣ — шир тавассути мошинҳои махсус аз хоҷагиҳои чорводорӣ ва сокинони ҳудуди ноҳияи Данғара ҷамъоварӣ ва ба корхона дастрас карда мешавад.

Дар корхона барои нигоҳдории маҳсулот 3 сардхона ва як гармхона бунёд гардидааст.

Дар саҳни корхонаи навтаъсис ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолгардидаи корхона муаррифӣ гардид.

Бо истифода аз технологияи муосир, ки аз кишварҳои пешрафтаи дунё ворид ва насб гардидааст маҳсулоти тайёр аз ҷумла сметана, қаймоқ, ҷурғот, панир, дуғоб, творог, яхмос, ки маҷмуан беш аз 50 намуди маҳсулотро ташкил медиҳад, истеҳсол гардида, сифатнокии он кафолат дода мешавад.
Ифтитоҳи корхонаи коркарди шир дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара 21.10.2021

Октябрь 21, 2021 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд