Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

Октябрь 19, 2021 22:39

ДУШАНБЕ, 19.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, аз оғози бақайдгирӣ то имрӯз, 19 октябр дар кишвар 17086 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16960 шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ — ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 19, 2021 22:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд
ҲХДТ ба беморхонаи клиникавии вилояти Суғд маводи дорувории зиддивирусӣ ва ниқоби муҳофизатӣ кумак намуд
Ба Тоҷикистон бастаҳои нави ваксинаҳои «AstraZeneca» ва «Pfizer-BioNTech» ворид гардиданд
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд
47,3%-и шаҳрвандони Тоҷикистон бо ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон як ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд
СУТ: дар ҷаҳон теъдоди гирифторони COVID-19 аз 252 миллион нафар гузашт
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ду ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд
ДАР РУСИЯ ВАКСИНАТСИЯ БАРОИ ҲАМА ҲАТМӢ ГАРДИД. Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое шомил аст, ки дар онҳо ваксинакунонии ҳатмӣ барои ҳамаи шаҳрвандони аз 18-сола боло ҷорӣ шудааст
Академики Академияи илмҳои Русия даъват кард, ки аз ваксинатсиякунии кӯдакон бар зидди коронавирус даст кашанд