Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

Октябрь 31, 2021 19:48

ДУШАНБЕ, 31.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, аз оғози бақайдгирӣ то имрӯз, 31 октябр дар кишвар 17086 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16960 шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ — ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Акс аз бойгонӣ

Октябрь 31, 2021 19:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
Ба Тоҷикистон соли 2022 зиёда аз 10 миллион воя ваксина ворид карда шуд
Дар Тоҷикистон 98,9% аҳолӣ бар зидди CОVID-19 эм карда шудаанд
ТАВАҶҶУҲ! Маҳдудиятҳои коронавирусӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бекор карда шуданд
COVID-19. Дар Олмон низоми оммавии ниқобпӯшӣ дар автобус ва қатораҳо бекор карда мешавад
COVID-19. СУТ дар бораи 13% афзоиш ёфтани фавт бар асари коронавирус хабар дод
Аз моҳи декабр дар Чин бар асари COVID-19 тақрибан 60 000 нафар фавтиданд
ЭҲТИЁТ ШАВЕД! Навъи сирояткунандатарини коронавирус дар Россия низ пайдо шуд
Ҳанс Клюге: «Авҷи беморӣ дар Чин ба вазъи COVID-19 дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ таъсири ҷиддӣ нахоҳад дошт»