Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро ходими намоёни давлатӣ ва сиёсии замон, фарзанди соҳибэҳтиром, ватандӯст ва пешвои асили мардуми тоҷик хонд
ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар номаи шодбошии худ ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллатро ходими намоёни давлатӣ ва сиёсии замон, фарзанди соҳибэҳтиром, ватандӯст ва пешвои асили мардуми тоҷик номида, эҳтироми беандозаи худро баён дошт.
Ӯ бо хушнудии зиёд Сарвари давлатро самимона табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Тоҷикистон бо меҳнати бисёрсолаи пурсамар ва таҷрибаи ғании идораи корҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди босуръати кишвар дар ҳамаи соҳаҳо ва таҳкими пайвастаи обруву нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ ба уҳда доранд.
Дар ин робита, Шавкат Мирзиёев саҳми бебаҳои Пешвои миллатро дар солҳои охир ҷиҳати ба сатҳи комилан нави шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳои байни мардумонамон, ки робитаҳои бисёрасраи таърихӣ доранд ва давлатҳоямон, ки ҳамсояҳои наздиктаринанд, махсус зикр намуд.
«Ман муколамаи шаффофамонро, ки ба наздикӣ дар чорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай, дар сарзамини зебоманзари Тоҷикистон доир гашта буд, бо эҳтироми хосса ба ёд меорам», — гуфт Президенти Узбекистон.
Дар идома, ӯ тазаккур дод, ки бо шарофати саъю талошҳои муштаракамон ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддат, дӯстии абадӣ ва муносибатҳои некуҳамсоягӣ минбаъд ҳам мувофиқ ба иқтидорамон ҷиҳати нафъи умум рушд хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ба унвонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои Русия Владимир Путин, Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон Садир Жапаров, Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Беларус Александр Лукашенко, Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ, инчунин аз Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси Нурсултон Назарбоев ва собиқ Президенти Украина Леонид Кучма ворид гардиданд.
АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






