Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро ходими намоёни давлатӣ ва сиёсии замон, фарзанди соҳибэҳтиром, ватандӯст ва пешвои асили мардуми тоҷик хонд

Октябрь 5, 2021 14:38

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар номаи шодбошии худ ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллатро ходими намоёни давлатӣ ва сиёсии замон, фарзанди соҳибэҳтиром, ватандӯст  ва пешвои асили мардуми тоҷик номида, эҳтироми беандозаи худро баён дошт.

Ӯ бо хушнудии зиёд Сарвари давлатро самимона табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Тоҷикистон бо меҳнати бисёрсолаи пурсамар ва таҷрибаи ғании идораи корҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди босуръати кишвар дар ҳамаи соҳаҳо ва таҳкими пайвастаи обруву нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ ба уҳда доранд.

Дар ин робита, Шавкат Мирзиёев саҳми бебаҳои Пешвои миллатро дар солҳои охир ҷиҳати ба сатҳи комилан нави шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳои байни мардумонамон, ки робитаҳои бисёрасраи таърихӣ доранд ва давлатҳоямон, ки ҳамсояҳои наздиктаринанд, махсус зикр намуд.

«Ман муколамаи шаффофамонро, ки ба наздикӣ дар чорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай, дар сарзамини зебоманзари Тоҷикистон доир гашта буд, бо эҳтироми хосса ба ёд меорам», — гуфт Президенти Узбекистон.

Дар идома, ӯ тазаккур дод, ки бо шарофати саъю талошҳои муштаракамон ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддат, дӯстии абадӣ ва муносибатҳои некуҳамсоягӣ минбаъд ҳам мувофиқ ба иқтидорамон ҷиҳати нафъи умум рушд хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки ба унвонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои Русия Владимир Путин, Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон Садир Жапаров, Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Беларус Александр Лукашенко, Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ, инчунин аз Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси Нурсултон Назарбоев ва собиқ Президенти Украина Леонид Кучма ворид гардиданд.

 

АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2021 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»