Сироҷиддин Муҳриддин ва Владимир Воронков рӯйдодҳои охир дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмон Владимир Воронков мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аснои вохӯрӣ дар баробари масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз қабили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ вазъи минтақа, алалхусус рӯйдодҳои охир дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ба тавофуқ расиданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






