Тоҷикистон бо табиати зебою нотакрор метавонад барои шаҳрвандони Корея аз кишварҳои писандидаи сайёҳӣ гардад

Октябрь 21, 2021 09:53

ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмиву техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва ҳамраиси Комиссия- муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ли Сон Хо сурат гирифт. Ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории кишварҳоро дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, маориф ва илм, кишоварзӣ, технология ва дигар бахшҳо бо равиши созандагӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷаласа ҳайатҳо якчанд самтҳои стратегии ҳамкориро вобаста ба рушди иқтисоди рақамӣ ва «иқтисодиёти сабз», тиҷорати электронӣ, моделсозиву дурнамосозӣ, ҷалби сармоягузорӣ, энергетика, таъсиси марказҳои логистикӣ дар минтақаҳо барои тамаркузи маҳсулоти истеҳсолшуда ва сохтани занҷири логистикӣ барои интиқоли маҳсулот дар дохили кишвар ва содироти минбаъда, дастгирии фаъолияти 5 минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) Тоҷикистон ва инфрасохтори барои онҳо зарурӣ муҳокима намуда, изҳор доштанд, ки тақвият ва рушди ин соҳаҳо ба муносибатҳои минбаъдаи мо ба таври назаррас такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҳамзамон муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намуд, ки дар Протоколи мазкур масъалаҳои таъсиси Паркҳои технологӣ ва корхонаҳои муштараки саноатӣ оид ба истеҳсоли молҳои нассоҷӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) Тоҷикистон, инчунин вобаста ба баргузории Форуми навбатии ҳамкории Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ моҳи декабри соли 2021 дарҷ карда шаванд. Дар бахши мушорикати саноатӣ ба ҷониби Корея пешниҳод гардид, ки дар таъсис додани корхонаҳои муштарак дар заминаи корхонаҳои соҳавии дар Тоҷикистон амалкунанда ва дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ иштироки фаъол намояд.

Яке аз робитаҳои муҳими Тоҷикистону Корея тиҷорат маҳсуб мешавад. Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷии ду кишвар тақрибан 33 млн долларро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 млн доллар зиёд мебошад.

Масъулини соҳа мегӯянд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ҷавобгӯи имконияти ду кишвар буда наметавонад ва дар кӯтоҳтарин фурсат бояд харитаи роҳ оид ба савдои хориҷӣ барои солҳои минбаъда таҳия карда шавад.  Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода изҳор дошт, ки “ҷойгиршавии ҷуғурофии кишвар барои  пайдо намудани бозорҳои нав имконияти хуб мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қадим ҳамчун кишвари транзитӣ барои маҳсулот дар доираи роҳи абрешим истифода мешуд ва имрӯзҳо низ  он метавонад кишвари транзитӣ барои пайваст шудани кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бо Русия ва Аврупо гардад. “Албатта, дар атрофи Тоҷикистон бозорҳои бузург, ба монанди Ҷумҳурии Мардумии Чин,  ҷумҳуриҳои исломии Покистону Афғонистон, инчунин Узбекистон ҷойгир аст, ки аҳолии онҳо қариб 2 миллиардро ташкил медиҳад. Сармоягузорӣ намудани Ҷумҳурии Корея ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар самти содироти маҳсулоти тайёр ба бозорҳои минтақа хеле муфид арзёбӣ мешавад”.

Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ аз зумраи кишварҳоест, ки Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро 27 апрели соли 1992 расман эътироф намуд ва байни ду давлат муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ самтҳои сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар бар мегиранд.

Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибҷон Мирзоев мегӯяд, ки “ҳамкории Тоҷикистон бо Корея аз чанд самт муҳим ва зарурӣ мебошад, зеро ин кишвар дар минтақа аз давлатҳои пешрафтаву рушдкарда ба ҳисоб меравад. «Дар Ҷумҳурии Корея соҳаи маориф, иқтисодиёт техникаю технология, тиҷорат, тиб, соҳаи бонкдорӣ хеле тараққикарда мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар доираи ҳамкорӣ  аз таҷрибаи пешрафтаи онҳо омӯзад».

Ҳамкорӣ дар самти энергетика аз бахшҳои муҳиму ояндадори Тоҷикистону Корея маҳсуб меёбад. Бояд гуфт, ки то кунун ҷониби Корея дар тадбиқи чанд лоиҳаи энергетикӣ саҳм гузошта истодааст.

Сардори Сарраёсати сиёсати энергетика ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода изҳор дошт, ки “дар доираи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея чанде пеш татбиқи лоиҳаи сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ҷамоати деҳоти Ромит сурат гирифт ва иншооти лоиҳавӣ, ки аслан барои бо барқ таъмин намудани 9 деҳаи кӯҳсор, ки то ин вақт ба барқ дастрасӣ надоштанд, амалӣ карда шуд. Мо барои таъмин намудани деҳаҳои дурдасти кӯҳсор тавассути роҳҳои дипломатӣ ба ҷониби Корея  лоиҳаҳои зарурӣ пешниҳод кардем. Интизор дорем, ки барои амалӣ намудани лоиҳаҳои мазкур 12 млн доллари амрикоӣ тавассути маблағҳои грантӣ ҷудо карда шавад. Ҳоло дархости мо  дар баррасии ҷониби Корея қарор дорад”.

Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Корея барои бунёди неругоҳҳои барқии офтобӣ низ ифода ёфта истодааст.  Ба гуфтаи сардори Сарраёсати сиёсати энергетика ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои об, аз ҷониби Вазорат имсол ду дархости лоиҳавӣ ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқии офтобӣ бо иқтидори 7 мегаватт дар вилояти Суғд ва бо иқтидори 3 мегаватт дар вилояти Бадахшон дар доираи маблағҳои грантӣ бояд татбиқ карда шаванд.

 -Дар баробари ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва энергетикӣ ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ё сайёҳӣ аз самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Кореяро ташкил медиҳад,- гуфт муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод.

“Лоиҳаи созишномаи ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея пурра омода гардидааст ва ба имзо расидани ҳуҷҷати мазкур ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ боз ҳам такон мебахшад. Аз ҷумла, он ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ, омодасозии мутахассисон ва дигар бахшҳо хеле муҳим мебошад. Ҳамасола дар Корея намоишгоҳи байналмилаии “Seoul International Tourism (KOTFA)” баргузор мешавад, ки имконияти хуби муаррифии зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад”,- изҳор дошт Камолиддин Муминзод.

Ба иттилои мавсуф, давоми 9 моҳи соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Корея қариб 300 нафар сайёҳон ташриф овардаанд. Ин рақам нисбат ба соли 2019 ба маротиб кам мебошад ва омили аслии он паҳншавии бемории коронавирус дар ҷаҳон арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъд аз бемории коронавирус мардум ба саёҳати табииву экологӣ ниёзи бештар пайдо кардаанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо табиати афсонавӣ, обҳои мусаффо, ҳавои соф ва аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон мавқеи муҳим дорад, метавонад барои шаҳрвандони Корея аз кишварҳои хуби сайёҳӣ бошад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 21, 2021 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд
ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд
Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вашингтон баррасӣ шуд