Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Октябрь 30, 2021 12:33

ДУШАНБЕ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ИДМ, СААД ва СҲШ-ро баррасӣ карданд.

Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва шарикии стратегии байни кишварҳо тасдиқ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2021 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд