Вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Октябрь 1, 2021 09:46

ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр, дар рӯзи дуюми баргузории нахустин Форуми иқтисодии Узбекистон маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ  «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Ёддошти тафоҳумро аз ҷониби Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Узбекистон Вазири молияи Ҷумҳурии Узбекистон Тимур Ишметов ба имзо расониданд.

Ба имзо расидани санади мазкур ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Узбекистон дар самти баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 29-30 сентябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон нахустин Форуми иқтисодии Узбекистон бо иштироки намояндагони воломақоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, бонкҳо ва сармоягузорон, инчунин ширкатҳои аудиторию консалтингӣ баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории Форум баррасии ташаббусҳои глобалӣ дар самти ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, масъалаҳои марбут ба рушди бозори сармоя, татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни кишварҳои минтақа ба ҳисоб меравад.

 

АКСҲО: Вазорати молияи ҶТ

Октябрь 1, 2021 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд