Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Федералии Урал Ёддошти тафоҳум оид ба дӯстӣ ва ҳамкории муштарак ба имзо расонд
ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Федералии Урал ба номи Перзиденти якуми Федератсияи Русия Б.Н. Елсин Ёддошти тафоҳум оид ба дӯстӣ ва ҳамкории муштарак ба имзо расид. Дар маросими мазкур, ки 28 октябр доир гардид, муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуғаффор Раҳмонзода ва ректори Донишгоҳи Федералии Урал ба номи Перзиденти якуми Федератсияи Русия Б.Н. Елсин Виктор Анатолевич иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар».
Муқаррароти асосии Ёддошти тафоҳум рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар самти таҳсил, қабули донишҷӯён, касбомӯзӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос дар донишгоҳи мазкур, табудули таҷриба, баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои муштарак мебошад.
Ҳамчунин мулоқоти муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуғаффор Раҳмонзода ва ректори Донишгоҳи Федералии Урал Виктор Анатолевич ва намоядагони ҳарду ҷониб доир гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳо вобаста ба ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти касбӣ, омода намудани омӯзгорони ҷавон, иштироки хизматчиёни давлатӣ дар курсҳои такмили ихтисос, иқтидори кадрӣ, илмӣ – татқиқотӣ, таълимӣ, технологӣ, омода намудани донишҷӯён дар донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои мутобиқ ба самти фаъолияти вазорат мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
АКСҲО: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид
Филми «Пешво аз қалби мардум» дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо намуд
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Як зумра кормандони гуногункасб, хизматчиёни давлатӣ ва рӯзноманигорон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд
Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд






