Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Федералии Урал Ёддошти тафоҳум оид ба дӯстӣ ва ҳамкории муштарак ба имзо расонд

Октябрь 29, 2021 16:50

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Федералии Урал ба номи Перзиденти якуми Федератсияи Русия Б.Н. Елсин Ёддошти тафоҳум оид ба дӯстӣ ва ҳамкории муштарак ба имзо расид. Дар маросими мазкур, ки   28 октябр доир гардид, муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуғаффор Раҳмонзода ва ректори Донишгоҳи Федералии Урал ба номи Перзиденти якуми Федератсияи Русия Б.Н. Елсин Виктор Анатолевич иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар».

Муқаррароти асосии Ёддошти тафоҳум рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар самти таҳсил, қабули донишҷӯён, касбомӯзӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос дар донишгоҳи мазкур, табудули таҷриба, баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои муштарак мебошад.

Ҳамчунин мулоқоти муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуғаффор Раҳмонзода ва ректори Донишгоҳи Федералии Урал Виктор Анатолевич ва намоядагони ҳарду ҷониб доир гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳо вобаста ба ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти касбӣ, омода намудани омӯзгорони ҷавон, иштироки хизматчиёни давлатӣ дар курсҳои такмили ихтисос, иқтидори кадрӣ, илмӣ – татқиқотӣ, таълимӣ, технологӣ, омода намудани донишҷӯён дар донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои мутобиқ ба самти фаъолияти вазорат мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

АКСҲО: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Октябрь 29, 2021 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст