Владимир Путин ба саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод

Октябрь 5, 2021 15:01

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин паёми шодбошӣ ирсол намуда, бо зикри обрӯву нуфузи  шоистаи Пешвои миллат дар дохил ва хориҷи кишвар ба саҳмашон дар таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод.

Ӯ инчунин тазаккур дод, ки зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиву сиёсӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.

«Мо ба саъю талошҳои Шумо ҷиҳати таҳким бахшидан ба муносиботи шарикии стратегии байни кишварҳоямон, инчунин саҳми Шумо дар таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ баҳои баланд медиҳем», — омадааст дар паёми Владимир Путин.

Дар идома Президенти Русия омодагии худро барои идома додани муколамаи созанда ва ҳамкории зичи муштарак оид ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи дуҷонибаву байналмилалӣ тасдиқ намуд.

Дар охир ӯ ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва некуаҳволиву муваффақият таманно кард.

Бояд тазаккур дод, ки дар баробари Владимир Путин ҳамчунин Раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ва Муовини Раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба унвонии Пешвои миллат паёмҳои шодбошӣ ирсол намуданд.

 

АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2021 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон