Владимир Путин ба саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин паёми шодбошӣ ирсол намуда, бо зикри обрӯву нуфузи шоистаи Пешвои миллат дар дохил ва хориҷи кишвар ба саҳмашон дар таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод.
Ӯ инчунин тазаккур дод, ки зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиву сиёсӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.
«Мо ба саъю талошҳои Шумо ҷиҳати таҳким бахшидан ба муносиботи шарикии стратегии байни кишварҳоямон, инчунин саҳми Шумо дар таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ баҳои баланд медиҳем», — омадааст дар паёми Владимир Путин.
Дар идома Президенти Русия омодагии худро барои идома додани муколамаи созанда ва ҳамкории зичи муштарак оид ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи дуҷонибаву байналмилалӣ тасдиқ намуд.
Дар охир ӯ ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва некуаҳволиву муваффақият таманно кард.
Бояд тазаккур дод, ки дар баробари Владимир Путин ҳамчунин Раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ва Муовини Раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба унвонии Пешвои миллат паёмҳои шодбошӣ ирсол намуданд.
АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






