«ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон дар Кумитаи забон ва истилоҳот Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд

Октябрь 5, 2021 15:18

ДУШАНБЕ, 5.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин масъалае, ки имрӯз дар назди забоншиносон истодааст, ин татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли равон аст, ки тибқи он қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бо таҳриру иловаҳои нав нашр шуданд. Ин  қарор дар самти рушди забони тоҷикӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, моро вазифадор мекунад, ки дар татбиқи имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати он корҳои бештару беҳтарро ба роҳ монем. Дар ин бора имрӯз зимни Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол», ки дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ доир гардид, ибрози назар карда шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад, дар ҳамоиши илмию амалӣ гуфта шуд, ки соли равон шарҳу тафсири «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар таҳрири нав дар якҷоягӣ бо идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, дар асоси санадҳои зикршуда ва моддаи 48-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва  баъди баррасии ниҳоӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021 тасдиқ гардид.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода иброз намуд, ки дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» масъалаҳои марбут ба номи ҳарфҳо, имлои овозҳои садоноку ҳамсадо, калимаҳои содаю мураккаб ва таркибҳо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима, имлои ҳиссаҳои нутқ, махсусан навишти ихтисораҳо, ҳарфҳои калону хурд, тарзи имлои номи муассисаю корхонаҳо, номҳои ҷуғрофӣ, асару китобҳо, маҷаллаҳо, мансабу вазифа ва рутбаҳо, имлои нумеративҳо, бандакҳо, пешванду пасвандҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, имло ва тарзи навишти онҳо мушаххас нишон дода шудааст.

Ҳамчунин зимни ҳамоиш мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода иброз дошт, ки «давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаю ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа ҳисобида, моро вазифадор мекунад, ки барои рушду густариши забони давлатиамон чӣ дар дохил ва чӣ хориҷи кишвар камари ҳиммат баста, кору иқдоми марбут ба ин масъаларо мунтазам миёни  тамоми қишрҳои ҷомеа амалӣ сохта, ба роҳ монем. Зеро забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонии миллати мост».

Дар ҷараёни ҳамоиш аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ дар мавзӯъҳои «Имло ва садонокҳои забони тоҷикӣ», «Нигоҳе ба дастури методии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Инъикоси раванди байналмилалӣ шудани забони тоҷикӣ дар асари Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат», «Татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Эҳёи ҷойномаҳои тоҷикӣ дар замони Истиқлол» маърӯзаҳо манзур гардиданд.

Дар фарҷом иштирокдорон вобаста ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва баъзе масоили марбут ба он  фикру мулоҳизаҳояшонро баён намуданд.

 

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2021 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд
ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ доир мешавад
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Таҳкими худшиносии ҷавонон тавассути тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллӣ амали омӯзанда аст