«30 СОЛИ ҚАҲРАМОНӢ». Таҳти ин унвон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29 — умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли қаҳрамонӣ» бо иштироки кормандони вазорату идораҳои давлатӣ, устодон, кормандон, магистрантону донишҷӯёни Академия бо шиорҳои «Президенти мо – ифтихори мо!», «Пешвои миллат — Раҳбари маорифпарвар», «Пешвои миллат — сулҳофару ваҳдатовар», «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон поянда бод!», «Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш!» ва амсоли ин ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш ректори Академия Абдухалил Ғафурзода тазаккур дод, ки барои мардуми сарбаланди тоҷик бахти бузургест, ки дар даврони рӯзгори нобасомон ва шикастарӯҳии тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот муяссар гардонид. Дар он рӯзҳои басо мушкил барои мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро бар дӯш гирифта, дар дили мардум умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат ҷо намуданд.
Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё ва барқарор гардидани аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии он заминаи мусоид фароҳам овард. Интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Иҷлосияи тақдирсоз барои мардуми шарифи тоҷик фоли нек ҳисобида шуд ва халқи тоҷик дар симои ин абармард наҷотбахши воқеии миллатро дарёфт. Ин марди хирад ҳамчун Роҳбари фозил давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро муттаҳид намуда, ба қалби онҳо шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои устувор ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.
Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои бемислу мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар ҳамоиш муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибзода ва чанд нафар магистрантону донишҷӯён иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.
Кормандону устодони Академия дар мавзӯъҳои «Саҳми мондагори Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёд ва рушди давлатдории миллӣ», «Нақши Пешвои миллат дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ», «Эмомалӣ Раҳмон ва рушди ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон» сухан гуфта, саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳар соҳа зикр карданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ








Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад
Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд






