7 паҳлавони шинохтаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Узбекистон иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 14 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо сурат мегирад, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 7 паҳлавони шинохта намояндагӣ хоҳанд кард. Ин нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо хоҳад буд, ки дар 7 вазн ғолибон муайян мешаванд, хабар дод ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо дар чемпионати ҷаҳон аз инҳо иборат аст:
- Акмалиддин Каримов (58кг)
- Хушқадам Хусравов (64кг)
- Муҳаммадисо Раҷабов (71 кг)
- Ҳамроз Раҷабов (79кг)
- Зафар Олимшоев (88кг)
- Фирдавс Насимзода (-98кг)
- Хуршед Маҷидов (+100кг)
Ёдовар мешавем, ки аз 5 то 8 ноябри соли 2020 Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни ҷавонон ва калонсолон дар Сербистон баргузор шуда буд. Дар он 4 варзишгари тоҷик иштирок карда, соҳиби медал шуданд. Дар чемпионати соли гузашта бо сабаби маҳдудияти сафар дар бисёр кишварҳо 400 варзишгар аз 30 давлат иштирок карданд.
Дар мусобиқаи ҷаҳонии самбои соли гузашта паҳлавони маъруфи ҷумҳурӣ Акмалиддин Каримов дар вазни -57кг медали нуқра ба даст овард. Ӯ нахуст рақибаш Нгуен Рубинро аз Франсия, баъдан Бектош Назарови узбекистонӣ ва Андрей Лашичуки украиниро мағлуб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Акмалиддин дар финал аз Владимир Гладкихи россиягӣ бо ҳисоби 0:1 ноком шуда, барои ҷойи дуюм бо медали нуқра сарфароз гашт.
Медалҳои биринҷиро Комроншоҳ Устопириён дар вазни-90 кг, Хушқадам Хусравов дар вазни-62 кг миёни мардҳо ва Самеъҷон Абдушукуров дар вазни-87 кг миёни ҷавонон сазовор шуданд.
Комроншоҳ дар даври аввал рақибаш Шокирӣ Ал-Ҳаюниро аз Марокаш шикаст дод. Вале баъдан аз қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон Сергей Рябови русиягӣ мағлуб гашт. Сипас, ӯ барои ҷойи сеюм бар Ярослав Давядчук аз Украина дастболо шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.
Хушқадам Хусравов дар даври аввал аз намояндаи Русия Александр Матаис мағлуб гардид. Ӯ баъдан дар қувваозмоиҳо барои ҷои сеюм Небойса Николичи сербӣ ва Фарҳод Абжалиеви қирғизистониро шикаст дода, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






