Ҳаҷми сармоягузорӣ ба фонди асосӣ дар Тоҷикистон 28% афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз тамоми манбаъҳои молӣ беш аз 11,3 миллиард сомонӣ (зиёда аз 1 миллиард доллар) сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ истифода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28% бештар аст. Дар ин бора хабаргузории avesta.tj хабар медиҳад.
Дар гузориш бо истинод ба маълумоти Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар тӯли ин муддат барои бунёди иншооти истеҳсолӣ ба маблағи беш аз 5,7 миллиард сомонӣ ё 50,6% сармояҳо аз худ карда шудаанд.
Дар объектҳои ғайриистеҳсолӣ ба маблағи зиёда аз 56 млрд сомонӣ ё ин ки 49,4% аз ҳаҷми умумии сармояҳо дар кишвар аз худ карда шудааст.
Дар сохтмони объектҳои энергетикӣ зиёда аз 3,2 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар сохтмони иншооти энергетикӣ нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли 2020 8,4 фоиз кам гардидааст.
Дар самти нақлиёт ва алоқа зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ сармоя аз фонди асосӣ аз худ карда шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






