Ҳайати Тоҷикистон доираҳои соҳибкории Туркияро ба ҳамкорӣ даъват намуд

Ноябрь 26, 2021 14:55

ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр ҳайати Тоҷикистон, ки дар шаҳри Истанбул ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 37-уми Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкории исломӣ (COMCEC) қарор дорад, бо ширкатҳои туркӣ дар шакли «В2G» (тиҷорат бо ҳукумат) вохӯрӣ  анҷом дод.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар ҷамъомад беш аз 35 ширкати туркии дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, телекоммуникатсия, тандурустӣ ва дорусозӣ фаъолияткунанда ширкат варзиданд. Ҷонибҳо барои дарёфти роҳҳои нави густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор намуданд.

Дар вохӯрӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода, муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов, муовини котиби Генералии ДЕИК Дилек Туна ва Раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Туркияи назди DEIK Ҷаҳонгир Саатчиоглу иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиш бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамкориҳои иқтисоди хориҷии Туркия (DEIK) ташкил шуда буд.

АКС: ВКХ ҶТ

Ноябрь 26, 2021 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд