«ҲАМРОҲ БИХОНЕМ». Ба 3001 мактаби Тоҷикистон китобҳои кӯдаконаи бадеӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ройгон дастрас гардиданд

Ноябрь 18, 2021 10:23

ДУШАНБЕ, 18.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳияи китобҳои бадеии баландмазмун лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муаллифон, рассомон ва тарроҳонро ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта, сипас 179 номгӯй китоби бадеии кӯдаконаро бо теъдоди 1,3 миллиард нусха бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия намуд, ки ба 3001 муассисаи таълимӣ ройгон дастрас карда шуд. Ин нукта дирӯз зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо директори навтаъйини Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка (АРБИМА, USAID) дар Тоҷикистон Питер Райли баён гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зикр гардид, ки аз соли 2018 то моҳи апрели соли 2021 зиёда аз 27 ҳазору 500 нафар омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, 2590 нафар директор ва зиёда аз 3000 нафар китобдорони муассисаҳои таълимӣ бо мақсади тақвияти малакаҳои хониш, банақшагирӣ ва гузаронидани чорабиниҳои беруназдарсӣ оид ба бедор намудани шавқи хондан ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта  шуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Муҳаммадюсуф Имомзода аз ҳамкории ҷойдошта миёни Вазорати маориф ва илм ва Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки яке аз корҳои назарраси анҷомёфта дар самти ҳамкорӣ татбиқи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» мебошад.

директори навтаъйини Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Питер Райли ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ҷиҳати дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда, хусусан лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» изҳори сипос намуда, ҳамзамон зикр кард, ки Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка баъд аз анҷоми лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» лоиҳаи «Якҷоя меомӯзем»-ро таҳия намудааст, ки баъд аз имзои Ёддошти тафоҳум миёни вазорат ва АРБИМА ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо иброз доштанд, ки баҳри тақвият додани ҳамкорӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ

Ноябрь 18, 2021 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст