Ҷамшед Исоев ва Мутриба Ҳотамӣ ғолиби Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот шуданд
ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 31 октябр бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот миёни мардон ва бонувон доир гардид, иттилоъ доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ба АМИТ «Ховар».
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе миёни ҳам рақобат намуданд.
Дар ҷамъбаст ғолибият миёни мардон насиби Ҷамшед Исоев аз шаҳри Душанбе гардида, ҷойи дуюм насиби Аъзам Юнусов аз вилояти Хатлон ва ҷойи сеюм насиби Аҳмад Афзалзода аз вилояти Суғд шуд.
Миёни бонувон Мутриба Ҳотамӣ аз шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал дониста шуда, ҷойи дуюм насиби Рухшона Саидова аз вилояти Суғд ва ҷойи сеюм насиби
Амина Мазҳабова аз шаҳри Душанбе гардид.
Дар охир ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






