Арчаи асосии солинавии Душанбе бо муосиртарин таҷҳизоти технологӣ ороиш меёбад

Ноябрь 30, 2021 10:37

ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт, дар паҳлӯи Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  арчаи солинавӣ   бо баландии 30 метр  ва паҳноии 16,5 метр устувор карда мешавад. Дар назар аст, ки то 10 декабр ороиши пурраи он  ба анҷом расад. Айни ҳол кормандони Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  ба оро додани ин арчаи идона машғуланд, иттилоъ дод муовини директори  Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» Шарофиддин Талабов ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Арчаи идонаи имсола бо баландию паҳноӣ, ҳашамату зебоӣ  ва ороишоти технологии замонавиаш  аз арчаҳои солинавии солҳои пешин фарқ хоҳад кард.

Фарқияти арчаи имсола боз дар он аст, ки имсол бозичаҳо камтар насб гардида, он бо технологияи муосиртарин – медиафасад, яъне чароғакҳои светоидӣ ороиш дода шуда, ҳангоми  шаб мисли навор намоён мегардад. Дар паҳлӯи  арча саҳнаи барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ҷойгир мешавад. Дар назди арча макетҳои  ороишӣ, ороиши дарвозаи соли нави 2022,  туҳфаҳо ва  дигар  бозичаҳои солинавӣ ҷойгир карда мешаванд.

Ба зикри Шарофиддин Талабов, барои  бошукӯҳ гузаронидани Соли нави мелодӣ  дар дигар гӯшаву канори  пойтахт, аз ҷумла, дар чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе — «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майдони 800-солагии Москваи ноҳияи Шоҳмансур, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ  ва   майдони паҳлӯи  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  арчаҳои идона гузошта мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки  соли нави мелодӣ  таърихи  куҳан дошта,   дар қисмати зиёди ҷаҳон  онро  таҷлил менамоянд.  Ин солшуморӣ аз  дувоздаҳ моҳ иборат буда, соли 46 то мелод, яъне 2056 сол пеш, императори Рум –Юлий Сезар  якуми январро чун рӯзи аввали соли нав қабул намуда буд.

Анъанаи таҷлили Соли нави мелодӣ  дар Тоҷикистон аз  даврони собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ  ибтидо мегирад.  Шурӯъ аз солҳои аввали  таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ  то  ҳоло  якуми январ  ҳамчун   оғози соли нави  мелодӣ  ҷашн гирифта мешавад.

Тавре сардори шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, бахшида ба Соли нав дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон баргузории барномаи фарҳангию фароғатӣ барои ятимону бепарасторон ва маъюбон дар назар дошта шудааст.

Ба зикри мавсуф, бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли бемории сироятии COVID–19,  эмин нигоҳ доштани саломатии сокинону меҳмонони пойтахт ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сирояти COVID-19 дар шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ гузаронида намешавад.

Ҳамчунин дар чор ноҳияи пойтахт тибқи нақша барномаҳои фарҳангию фароғатӣ танҳо дар ҳудудҳои боғчаҳо барои кӯдакон баргузор мешаванд.

Мавриди ёдоварист, ки арчаи соли 2020, ки бо 6 ҳазор бозича ва 85 ҳазор ороишот дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зеб дода шуда буд, ба рейтинги даҳгонаи баландтарин ва асоситарин арчаҳои солинавии пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуда буд. Баландии арчаи  мазкур 29 метрро ташкил медод.

Бояд тазаккур дод, ки арча рустании ҳамешасабз буда, ба синфи сӯзанбаргон дохил мешавад. Хелҳои он, асосан дарахт ё бутташакл буда, баъзан хобраванда мешаванд. Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон 4 намуди арча (хорбурс ё арчаи туркистонӣ, маҳинбурс ё арчаи зарафшонӣ, сарварча ё саурарча, патакарча ё арчаи сибирӣ) нашъунамо мекунанд. Онҳо дар ҳамаи ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон дар баландии 1000-1200 то 3400-3700 м аз сатҳи баҳр паҳн гардидаанд. Арча дарахти дарозумр аст. Ҳатто дар синну соли 800-1000—солагӣ дар он навдаҳои ҷавон пайдо шуда, метавонанд чалғӯзаи бисёр ва тухми аълосифат ҳосил кунанд.

(Хабар такмил ёфт (16:31 бо вақти Душанбе).

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳир САИД,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 30, 2021 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт