Ба Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон сипосномаи махсуси Намоишгоҳи байналмилалии саёҳатӣ дар Қатар тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 20.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаи махсуси Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ — Qatar International Exhibition for Travel and Tourism – Qatar Travel Markt 2021 — тақдим гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, сипосномаи мазкур 18 ноябр барои танзими яке аз беҳтарин ғурфаҳои саёҳатӣ ва муаррифии шоистаи зарфиятҳои сайру саёҳат дар Тоҷикистон, имкониятҳои ҷалби сармоягузориҳо дар ин соҳа ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳии байналмилалӣ ва зерсохтори хидматрасонии гардишгарон дар кишвар тақдим гардидааст.
Ҳамзамон, 18 ноябр раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо фаъолиятҳои саноатӣ ва тиҷоратии Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин»-и Давлати Қатар шинос шуданд.
Зимни суҳбат бо раиси Шӯрои мудирони Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин» Абдуллоҳ ал-Сулайтин масъалаҳои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ гардиданд. Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин» ба татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мазкур, бахусус воридоти оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Қатар, изҳори алоқамандӣ намуд.
Атрофи пайдо намудани роҳҳои мусоиди нақлиётӣ барои содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Қатар ва механизмҳои роҳандозии ҳамкории васеи тиҷоратӣ байни Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин» ва доираҳои саноатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон табодули назари судманд сурат гирифт.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Қатар








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






