Ба муносибати таҷлили Рӯзи милитсия дар Душанбе мусобиқаи футболи хурд ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ — Рӯзи милитсия бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шурӯъ аз 1 ноябр миёни кормандони милитсияи пойтахт мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футболи хурд сурат гирифт, ки 8 ноябр ҷамъбаст гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Дар мусобиқаи футболи хурд дастаҳои ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ сазовори ҷойи якум, ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ мақоми дуюм ва ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ мавқеи сеюмро ишғол намуданд, ки ғолибон бо Ҷом, диплом ва медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Мусобиқаҳои футболи хурд миёни кормандони дастгоҳи марказии Раёсат, шуъбаҳои корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои мақомоти милитсияи пойтахт дар ҳайати 10 даста баргузор гардида, варзишгарон маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.
Дар ҷараёни мусобиқаҳои варзишӣ дастаҳо аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, ҳар кадоме барои ишғол намудани ҷойҳои намоён рақобат намуданд.
Дар маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД, роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри
Душанбе ва шумораи зиёди ҳаводорону ихлосмандони соҳаи варзиш иштирок намуданд.
АКС: РВКД дар шаҳри Душанбе








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






