Бо қабули Конститутсия таъмини волоияти қонун ва рушди тамоми соҳаҳо дар Тоҷикистон таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 6.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд. Бо қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз таъмини волоияти қонун ва рушди тамоми соҳаҳо дар Тоҷикистон таъмин гардида, баҳри пешрафти самтҳои гуногуни ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шуд.Ин нукта зимни баргузории чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ зикр гардид.
Зимни баргузории чорабинии идона Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, иброз дошт, ки барои кишвари мо Рӯзи қабули Конститутсия яке аз санаҳои басо муҳим ба шумор меравад. Чун ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз дар Тоҷикистон замоне қабул гардид, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Бинобар ин, барои барқарор намудани сулҳу оромӣ, ваҳдати комил, ҳифзи якпорчагии марзу буми мамлакат ва муайян намудани заминаҳои ҳуқуқии рушди тамоми соҳаҳои кишвар зарурати қабули Конститутсия пеш омад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад».
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмону ташкилот ва давлатҳои абарқудрати олам яке аз беҳтарин конститутсияҳо эътироф гардидааст, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустии кишвар чорабиниҳои идона баргузор гардида истодаанд.
Аксҳо аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






