Бо иқдоми неки оилаи Давлатовҳо, ки аъзои фаъоли ҲХДТ мебошанд, дар деҳоти Сангтӯдаи Данғара мактаб бунёд гардид

Ноябрь 17, 2021 16:43

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара иншооти замонавии таълимӣ,  муҷаҳҳаз бо ҳама асбобу ашёи дарсӣ ба истифода дода шуд, ки дар маросими кушодашавии ин даргоҳи илму маърифат роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, масъулону фаъолони ҲХДТ, омӯзгорону толибилмони деҳоти мазкур иштирок доштанд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Бино ба маълумоти сарвари МТМУ №9 Розиямоҳ Ғафурова, бинои навбунёди иборат аз 15 синфхона бо   кӯшишу талош ва иқдомҳои накӯкоронаи хонаводаи Давлатовҳо, ки аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд, бунёд гардидааст. Ин бинои хуштарҳу ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири меъморӣ аз 10 синфхона барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ, утоқҳои кории муовини сарвари муассиса, ҳуҷраи омӯзгорон, як толори осорхона ва ҳуҷраи корӣ барои ташкилоти ибтидоии ҳизбии кормандону омӯзгорони МТМУ №9   иборат мебошад.

Сокинони деҳоти Сангтӯда  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти таълимиро беҳтарин иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Тавре зимни маросими кушодашавии иншооти таълимӣ зикр гардид, нақши пешоҳангии фаъолони ҲХДТ дар самти татбиқи ҳадафҳои созандагии роҳбарияти олии мамлакат ҳар сокини кишварро водор менамояд, ки дар пайравӣ ба ташаббусҳои ватандӯстонаи ҳамдиёрони хеш саҳми худро дар ободонии диёр гузоранд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо  сипосгузорӣ аз ташаббусҳои саховатмандонаи ҳамсафони хеш миннатдории худро барои ин ҳамдастӣ ва саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафҳои созанда ва хайрхоҳонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баён дошта, аз насли ҷавон даъват ба амал меорад, ки бо таҳсили аъло ва аз худ кардани илму дониши замонавӣ беҳтарин мутахассис, кордону коршиносони замони хеш бошанд. «Мо мутмаинем, ки дастпарварони ин муассисаи таълимӣ дар оянда ин иқдомҳои шоистаи бунёдкорию созандагиҳои аҷдодони хешро идома бахшида, вориси халқу миллати тоҷик мегарданд», — изҳор дошт раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён.

              АКСҲО: КИ ХХДТ 

Ноябрь 17, 2021 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад