Бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 дар Душанбе ҳамоиши серӯзаи омӯзишӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе машварати серӯзаи омӯзишии «Нақши ВАО дар замони пандемияи COVID-19» барои хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони марказҳои матбуотии вазорату идораҳо доир шуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар доираи Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони ВАО доир ба бемории сироятии COVID-19, роҳҳои дурусти пешниҳоди иттилоот тавассути шабакаҳои ВАО мебошад.
Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода доир ба нақши рӯзноманигорон дар давраи пандемияи COVID-19, вазъи сирояти коронавирус ва маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории мазкур дар Тоҷикистон сухан гуфт. Ҳамчунин мавсуф нақши ВАО- ро дар пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ ҷиҳати бемории COVID-19 муҳим ва назаррас арзёбӣ кард.
Дар ҷараёни ҳамоиш дар баробари масъалаҳои муҳофизат аз COVID-19, инчунин масъалаи ваксинатсия низ баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки ваксина яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз паҳншавии эпидемияи COVID-19 на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон мебошад. Аз ин рӯ боварӣ меравад, ки рӯзноманигорон бо пешниҳоди маводи худ ҷиҳати пешгирии COVID-19 кумак менамоянд.
АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






