Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи нав дар соҳаи маорифи Тоҷикистон маблағ ҷудо менамояд

Ноябрь 24, 2021 11:05

ДУШАНБЕ, 24.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, ки барои татбиқи як лоиҳаи нав дар соҳаи маорифи мамлакат маблағ ҷудо намояд, ки он ба беҳтар гардидани шароит дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи умумӣ ва рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон муосидат мекунад. Ин нукта дирӯз зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди инсон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Фадиа Саада, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли баён гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Зикр шуд, ки лоиҳаи таҳияшаванда фарогир буда, ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ бо назардошти тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимию лабораторӣ, таъминот бо обу санитария ва амсоли инҳо нигаронида шудааст. Ҳамзамон лоиҳаи мазкур дар доираи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия шуда, ҷиҳати рушди соҳа мусоидат менамояд.

Зимни суҳбат Вазири маориф ва илм аз ҳамкории судманди ҷойдошта ёдовар шуда, гуфт, ки Бонки ҷаҳонӣ давоми 20 сол аст бо Вазорати маориф ва илм ҳамкорӣ ба роҳ мондааст ва ҷиҳати рушди соҳаи маориф якчанд корҳои судманд анҷом додааст.

Лоиҳаҳои гузариши муассисаҳои таълимӣ ба маблағгузории меъёрӣ, Низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф, таъсиси Маркази миллии тестӣ ва таҳияи низоми ягонаи имтиҳонсупорӣ тавассути ин марказ, таълими муносибати босалоҳият, коркарди лоиҳаи низоми баҳогузории синфҳои ибтидоӣ, татбиқи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ», аз курсҳои омӯзишӣ ва бозомӯзӣ гузаронидани беш аз 6 ҳазор омӯзгор, нашри беш аз 9 миллион китоби дарсӣ ва таъмиру сохтмони беш аз 300 муассисаи таълимӣ аз ҷумлаи онҳост.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди корҳои анҷомёбанда ҳанӯз ҳам чанд мушкилӣ ҷой доранд, ки дар ҳамбастагӣ бояд ҷиҳати рафъи онҳо мусоидат намуд ва яке аз ин мушкилот бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ норасоии ҷойи нишаст дар мактабҳо ва зарурати сохтмони муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Тавре маълумоти оморӣ нишон медиҳад, агар дар як сол 100-120 ҳазор нафар муассисаҳои таълимиро хатм кунанд, пас то 250 ҳазор нафар ба муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд. Инчунин муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ё маҳаллаҳои зиёди навбунёде ҳастанд, ки ба сохтмони мактабҳо ниёз доранд. Ҷиҳати ҳалли ин мушкилот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро андешида истода, ба бахши хусусӣ низ тамоми имтиёзҳо дода шудааст ва ҳамкорию дастгирии шарикони рушд низ назаррас аст.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли зикр кард, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати рушди соҳаи маориф тамоми шароитро муҳайё месозад ва ин гуна талош аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад.

Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро баррасӣ ва барои татбиқи муваффақонаи лоиҳаи нав омодагии хешро иброз доштанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи омор, то моҳи сентябри соли равон дар мамлакат 3911  муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии   2 108 942 хонанда фаъолият доранд.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2021 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд