БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД. Дар ҳудуди Хатлон тақрибан 15 кг метамфетамин бозёфт ва мусодира карда шуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон аз ду нафар шаҳрвандони Афғонистон тақрибан 15 кг моддаи психотропии навъи метамфетаминро, ки мехостанд онро аз ҳудуди ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар интиқол диҳанд, бозёфт ва мусодира намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентӣ.
Тавре дар иттилоия омадааст, кормандони Агентӣ маълумоти фаврӣ гирифтанд, ки як гурӯҳи ҷиноятии машғул ба муомилоти ғайриқонуни маводи нашъаовар ният дорад маводи нашъаоварро аз ҳудуди ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар интиқол диҳад.
«Барои ҷилавгирӣ аз ин нияти нопок аз тарафи кормандони Агентӣ қарор қабул шуд, ки нашъаҷалобонро бо далели шайъӣ дастгир намоянд. Ҳамин тавр, 7 ноябр зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шоҳроҳи Ҷайҳун — Панҷи поён, ҳудуди деҳаи Шоликорони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Агентӣ ду нафар зода ва истиқоматкунандагони вулусволии Имом-Соҳиби вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин валади Боймад ва Маҳмадсахӣ валади Холмуҳаммад бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон дастгир гардиданд», — хабар доданд аз Агентӣ.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурдагон як адад халтаи полимерии рангаш сафед, ки дар дохили он 15 адад зарфҳои пластмасии дар дохилашон бастаҳои селофанӣ бо маводи кристалии рангашон сафед мавҷуд буданд, бозёфт ва мусодира карда шуд.
Мутобиқи маълумотномаи шуъбаи эспертизаи судии Агентӣ маводи мусодирагардида 14 кг 850 гр моддаи психотропии навъи метамфетаминро ташкил дод.
«Тафтишот муайян намуд, ки дастгиршудагон ин маводи психотропии навъи метамфетаминро аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо як нафар шахси ба тафтишот номаълум- шаҳрванди Афғонистон бо лақаби «Мавлавӣ» ва тахаллуси «Ҳоҷӣ мулло» бо мақсади ба каси дигар додан содир намудаанд, — тазаккур доданд аз Агентӣ. — Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 200 қисми 4 банди «д», 335 қисми 2 ва 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтиш идома дорад».
Бояд зикр намуд, ки метамфетамин яке аз намудҳои синтетикии маводи нашъадор буда, намуди тағйирдодашудаи амфетамин мебошад, ки шиддатнокии қавитар ва зудтаъсиркунандаро нисбат ба дигар маводи нашъаовар дорад.
Истеъмоли ин гуна мавод ҷавононро гумроҳу фирефта намуда, ба солимии ҷомеа ва генофонди миллат зарбаи манфӣ мерасонад.
Бинобар ин, ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки аз солимӣ ва оромии давлати худ дифоъ намояд.
Синтез, фурӯш ва интиқоли моддаҳои синтетикии нашъадор тибқи Конвенсияи СММ дар бисёре аз давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҷиноят мебошад.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ








Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот






