Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон дар Белград барои варзишгарони тоҷик анҷом ёфт

Ноябрь 2, 2021 08:33

ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик иштирокашонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо, ки дар шаҳри Белгради Сербия ҷараён дорад, анҷом доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

1 ноябр дар даври ҳаштякфинал ду варзишгари бомаҳорати тоҷик — иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Токио Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев вориди ринг шуданд. Дар вазни -80кг Шаббос Негматуллоев аз Кейлан Кассидӣ (Ирланд) ва дар вазни 63.5кг Баҳодур Усмонов аз Сомчай Вонгсуван (Тайланд) бо ҳисоби якхелаи 1:4 мағлуб гардиданд.

31 октябр дар даври ҳаштякфинал дар вазни -60кг Абдураҳмон Ёқубов аз Алекс Де Ла Круз Баез аз Доминикан ва дар вазни +92кг Ҷаҳон Қурбонов аз варзишгари Ҳиндустон Наренда шикаст хӯрда буданд.

Ёдовар мешавем, ки Шаббос Негматуллоев дар ду давр бар Силвио Шерле (Олмон), Самуел Камара (Сера Леоне) ва Баҳодур Усмонов, ки дар даври аввал озод буд, дар дар даври дуюм бар Илия Шакиров (Русия) дастболо шуда буданд.

Ҳамин тариқ, варзишгаронамон иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардонро анҷом доданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия то 6 ноябр идома меёбад. Дар он беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.

Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешаванд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 2, 2021 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд