Дар ҷаҳон беш аз 255 миллион нафар ба коронавирус мубтало шудаанд

Ноябрь 17, 2021 12:24

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Шумораи гирифторони сирояти коронавирус дар ҷаҳон субҳи рӯзи чоршанбе ба 255 141 123 нафар расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.

Аз оғози паҳншавии вирус пас аз сирояти COVID-19 дар ҷаҳон 5 130 689 нафар фавтидаанд. Ба ҷумлаи кишварҳое, ки беш аз 20 миллион ҳолати сирояти COVID-19 доранд, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҳиндустон ва Бразилия дохил мешаванд.

 ИМА пешсафи давлатҳоест, ки шумораи одамони сироятшуда ва фавтидаашон зиёд буда, дар ин кишвар 48 161 377 нафар мубталоёни COVID-19 муайян карда шудаанд. Теъдоди фавтидагон 786 268 нафарро ташкил медиҳад.

 Дар ҷои дувум аз рӯи шумораи гирифторон ба ин беморӣ Ҳиндустон меистад, ки теъдоди мубталоёни COVID-19 ба 34 466 598 нафар расидааст. Шумораи фавтидагон бар асари сирояти вирус дар кишвар  464 153 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷои сеюм дар ҷаҳон аз рӯи паҳншавии коронавирус Бразилия қарор дорад, ки дар давраи пандемия 21 965 684 ҳолат ба қайд гирифта шуда, 611 524 нафар фавтидаанд.

 Тибқи маълумоти портали Worldometer, ки ба омори муҳимтарин рӯйдодҳои ҷаҳон тахассус дорад, мизони марг дар 1 миллион аҳолии ҷаҳон то субҳи рӯзи душанбе 657,2 нафарро ташкил додааст. Дар ИМА аз ҳар 1 миллион аҳолӣ 2352 кас, дар Ҳиндустон — 332, дар Бразилия — 2.849 кас ҳалок шудааст.

                                         АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 17, 2021 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: сироятёбӣ аз COVID-19 дар ҷаҳон 4 фоиз афзоиш ёфт
Чин санҷишҳои COVID-19-ро пеш аз ворид шудан ба давлат бекор менамояд
Дар Испания беш аз 120 ҳолати сирояти шакли нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ: ҳолатҳои нави сирояти COVID — 19 дар ҷаҳон дар як моҳи охир 80% афзоиш ёфтааст
Дар Ҳиндустон штамми нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 7% афзудани бемории COVID-19 дар ҷаҳон дар 28 рӯз хабар дод
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи коҳиш ёфтани ҳолатҳои фавт бар асари COVID-19 дар саросари ҷаҳон хабар дод
Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
Ба Тоҷикистон соли 2022 зиёда аз 10 миллион воя ваксина ворид карда шуд