Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон дурнамои сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 29.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло иброз намуд, ки «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат» аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон барои тасдиқ ба МН МО ҶТ пешниҳод карда шудааст.
Дурнамои мазкур мутобиқи моддаҳои 4 ва 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия гардида, самтҳои асосии сиёсати пулию қарзиро барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.
Дурнамои зикргардида барои ноил шудан ба мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон — нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат тавассути механизму воситаҳои татбиқшавандаи сиёсати пулию қарзӣ равона мегардад.
Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат самтҳои асосии ташкили механизми самараноки таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, гузариши батадриҷ ба реҷаи нав — ҳадафгирии таваррум бо назардошти коҳиши хавфҳои ҷойдоштаро дар бар гирифта, баҳри ноил шудан ба нишондиҳандаи мақсаднок равона мегардад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид






