Дар Душанбе Форуми соҳибкории G5 таҳти унвони «Таърихи муваффақияти соҳибкорони ватанию хориҷӣ» доир гардид

Ноябрь 6, 2021 15:23

ДУШАНБЕ, 06.11.2021. /АМИТ “Ховар”/. 6 ноябр дар дар арафаи ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои «Кохи Суруш» Форуми соҳибкории G5 таҳти унвони «Таърихи муваффақиятҳои соҳибкорони ватанӣ» бо иштироки зиёда аз 700 нафар доираи васеи соҳибкорони ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд доир карда шуд.

Форуми мазкур чун анъана ҳамасола доир карда шуда, имкониятҳои навро дар соҳаи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Ташкилкунандаи чорабинӣ Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар Форум 5 нафар соҳибкорони муваффақи ватанӣ вобаста ба мавзуъҳои мубрами фаъолияти соҳибкорӣ ва инчунин таҷрибаву муваффақиятҳои худ табодули афкор намуданд. Аз ҷумла: соҳибкорони муваффақи ватанӣ Ҷӯразода Дилшод, Азизҷон  Азимӣ, Нафиса Имронова, Носир Мирзо, Миралӣ Яҳёев доир ба мавзуъҳои «Роҳҳои муваффақ гардидани соҳибкор», «Рушди малакаҳои ҷавонон ва инкишофи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон», «Қадамҳои аввалини фаъолиятӣ ва ғайраҳо суҳбатҳои ҷолиб анҷом доданд.

Инчунин дар доираи Форуми мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии ҷавонон доктори илмҳои таърих, профессор Сайфулло Мулодчонов дар мавзӯи «Тоҷикони Ғафуров» ва марҳилаҳои худшиносии миллӣ баромад намуда, ҷавонони соҳибкорро ба якдилию ватандӯстӣ ва талош баҳри рушду инкишофи Тоҷикистони азизамон даъват намуданд.

Ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии мазкур ин баланд бардоштани нерў ва ҳавасманд намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таъмини муколамаи муфид байни соҳибкорон ва мақомоти давлатӣ мебошад.

Форуми мазкур метавонад дар рушди малакаҳои соҳибкории ҷавонон, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, инчунин таҳкими муколама ва ҳамкориҳои минбаъда миёни мақомотҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ мусоидат намояд.

Бояд гуфт, ки Пешвои миллат пайваста дар ҳама баромадҳову суханрониҳои хеш ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна ва амалигардонии стартапҳо дар кишвар таъкидҳо менамоянд.

Таъсиси грантҳои Президентӣ, Барномаҳои гуногуни дастгирии давлатии соҳибкорӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ”, таъсиси Фондҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ғайраҳо аз қабили чунин тадбирҳои муҳим мебошанд.

Метовон гуфт, ки баргузор намудани чунин Форумҳо метавонад дар ҳавасманд гардонидани соҳибкорони навкор, пайдо кардани шарикони нави тиҷоратӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни соҳибкорон мусоидат намояд.

 

Ноябрь 6, 2021 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад