Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии «АРЧА» ва гулгашти нав ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе корхонаи «АРЧА» ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар он маҳсулоти хушсифати сохтмонӣ, ба монанди дару тирез, дигар масолеҳи чӯбин, тахтасангҳо ва амсоли он истеҳсол карда мешаванд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Зимни ба истифода додани корхонаи мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.
Дар корхонаҳои болозикр маҳсулоти ба талаботу стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ истеҳсол гардида, метавонанд дар ин самт маҳсулоти воридотиро иваз намоянд. Имрӯзҳо маҳсулоти корхонаҳои «АРЧА» дар нуқтаҳои фурӯши шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба муомилот бароварда шудаанд. Дар баробари ин, ширкат фурӯши маҳсулоти худро дар бозорҳои беруна ба роҳ мондааст. Фаъолияти чунин корҳонаҳои истеҳсолӣ барои рушди истеҳсолот, пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкорӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.
Инчунин, давоми ҳафта дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ як гулгашти нав мавриди истифода қарор дода шуд. Ин амал дар заминаи корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар ҳудуди ноҳия роҳандозӣ шудааст. Дар гулгашт роҳравҳо, нишасткурсиҳо барои сокинон ва намудҳои гуногуни дарахтони ороишиву сояафкан шинонида шудааст, ки зебоии ин минтақаро афзудаанд. Сокинони биноҳои атрофи ин майдони зебову сарсабз аз он қаноатманданд, ки дар ҳудуди шаҳраки онҳо чунин мавзеи фароғатӣ созмон дода шудааст.
Ин гулгашт аз ҷониби сохторҳои ноҳиявӣ бунёд гардида, ба масоҳати 1096 метри мураббаъ сафолакпӯш ва 1115 метри мураббаи он мумфарш гардидааст. Инчунин дар ҳудуди он 153 бех дарахти каталпа, 86 бех сосна, 47 бех арча шинонида шудаанд, ки ҳоло шукуфоии онҳо сарсабзии ин гӯшаи шаҳрро таъмин намудаанд. Низоми обёрии гулгашт дар масоҳати 1982 метри тулонӣ роҳандозӣ гардидааст. Илова бар ин, 26 адад нишасткурсӣ дар гулгашт гузошта шуда, 125 адад чароғҳо шабона равшании онро таъмин менамоянд. Гуфта мешавад, ки чунин корҳои ободонӣ барои боз ҳам назаррабо гардидани гӯшаву канори шаҳри Душанбе мусоидат мекунад. Дар оянда низ чунин тадбирҳои созандагӣ ташкилу роҳандозӣ мегардад.
АКСҲО аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд






