Дар ноҳияи Темурмалик кишти тирамоҳии ғалладона оғоз гардид
ТЕМУРМАЛИК, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Темурмалик ба кишти тирамоҳии ғалладона оғоз намуданд. Ба ин хотир мошинолоти зарурӣ ба кор сафарбар шуда, деҳқонон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ба шудгори заминҳои лалмӣ камар бастаанд. Дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик 12 ҳазору 636 гектар заминҳои корам мавҷуданд, ки аз ин ҳисоб 736 гектари онро заминҳои обӣ буда, самаранок истифода бурда мешаванд. Иқлим ва заминҳои ноҳия барои кишту парвариши зироати гуногун, аз ҷумла гандум, ҷав, зағир ва лубиёгиҳо мусоид аст, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Миёни мутахассисону деҳқонон оид ба дараҷаи намнокии замин, интихоби навъҳои серҳосили гандум ва истифодаи дурусти қоидаҳои агротехникӣ табодули таҷриба сурат мегирад. Ба иттилои сардори идораи кишоварзии ноҳия Юсуф Аваззода, имсол хоҷагидорон тибқи дурнамо дар майдони беш аз 10 ҳазор гектар гандум кишт мекунанд. Аъзои Хоҷагии тухмипарварии ба номи Ҷалолиддин Румӣ, ки 1350 гектар замин барои кишти гандум доранд, ҳар сол аз аввалинҳо шуда, ба кишту кор шурӯъ менамоянд ва дар таъмини кишоварзон бо тухмиҳои серҳосил саҳм мегузоранд.
Тавре роҳбари хоҷагӣ Алишер Қароқулов иттидоъ дод, онҳо соли равон аз ҳар гектар заминҳои лалмӣ аз 18 то 20-сентнерӣ ҳосили гандум ҷамъоварӣ намуданд.
«Имсол 16 тонна гандуми заҳролудшуда дар анборҳо захира кардаем, ки навъҳои тухмии минтақабоби ба иқлим мувофиқ мебошанд»,-гуфт роҳбари хоҷагӣ.
Ба гуфти масъулини идораи кишоварзии ноҳия, барои сари вақт анҷом додани корҳои кишоварзӣ 195 техникаи зарурӣ, пеш аз ҳама, 136 адад тракторҳои ҷуфтгар дар хати тайёр қарор доранд ва деҳқонон бо истифода аз чунин заминаҳои моддию техникӣ корҳои кишоварзии худро бе мушкил ба анҷом мерасонанд.
Деҳқонони ноҳия ният доранд имсол низ яке аз аввалинҳо шуда, шудгор ва кишту кори тирамоҳиро сари вақт ба анҷом расонанд ва ба ин восита ҳам худ фоида гиранду ҳам бозори истеъмолиро бо маҳсулоти худӣ таъмин намоянд.
АКС: мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии ноҳии Темурмалик








Дар Ашт боғи интенсивӣ бо усули объёрии қатрагӣ ва боронӣ ташкил карда шудааст
Дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Минбаъд 12 декабр Рӯзи кормандони мақомоти аудити давлатӣ таҷлил мегардад
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Корпоратсияи саҳомии молиявии «Система»-и Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони байналмилалии IFSB ҳамоиш баргузор гардид
Байни Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Идораи аудити давлатии Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо рафти кишти такрорӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Дар Душанбе вохӯрии якуми Шурои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Масъалаи таҳвили нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ шуд
Сарвазири Гурҷистон аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Тоҷикистон боздид намуд
Дар Бишкек масъалаи татбиқи лоиҳаи Хати лӯлаи гази транзитии «Осиёи Марказӣ – Чин» баррасӣ шуд






