Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баррасӣ шуд

Ноябрь 17, 2021 13:47

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) Лиу Женмин доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаҳои обу иқлим ибрози назар карданд.

Инчунин ҷонибҳо  омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (ш.Душанбе, с. 2022) ва татбиқи қатъномаи «Конфронси СММ оид ба арзёбии раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (Ню Йорк, 2023)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: ВКХ ҶТ

Ноябрь 17, 2021 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Минск муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд