Дар Рӯзи Парчами давлатӣ дар Хатлон ғолибони озмуни ҳизбии «Расми беҳтарин» муайян шуданд

Ноябрь 24, 2021 14:46

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» ҳамоиши идона баргузор гардида, ҳамчунин   озмуни вилоятии ҳизбии “Расми беҳтарин” ҷамъбаст ва ғолибон муайян шуданд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Тибқи натиҷагирии ҳакамони озмуни мазкур хонандаи синфи 11-и МТМУ №11 шаҳри Бохтар Мадина Мирзокаримова соҳиби ҷойи аввал, хонандаи синфи 11-и МТМУ №12 ноҳияи Хуросон Манучеҳри Маҳмадамин ҷойи дуввум ва донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи давлатии Данғара Бурҳон Музаффаров мақоми сеюмро ба даст оварданд.

Меҳмонону иштирокчиён ҳамоиши идона   нахуст аз намоиши озмуни “Расми беҳтарин” дидан намуда, ба соҳибистеъдодҳои ҷавон ҷиҳати рушду сайқал додани истеъдоди хеш ва муаррифӣ намудани маҳсули эҷодиашон тавассути расонаҳои иттилоотӣ тавсияҳои судманд доданд.

Иштирокчиёни ҷамъомади идона, роҳбарону фаъолони КИ ҲХДТ, зиёиён, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоятро донишҷӯёни парчамбардори коллеҷи мазкур бо шукӯҳу шаҳомати хосса истиқбол гирифтанд.

Маросими расмии бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистонро раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ифтитоҳ бахшида, оид ба ин санаи муҳими таърихӣ ва моҳияти дар сатҳи баланди маърифатӣ ҷашн гирифтани он изҳори назар намуд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъди ба даст овардани истиқлолият  соҳиби Парчами давлатӣ гардид, ки он яке аз рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ арзёбӣ мегардад. Парчам барои шаҳрвандони ҳар  давлати соҳибистиқлол мояи ифтихору сарфарозӣ буда, ифодагари ҳимояи марзу бум, забону фарҳанг, Ватану миллат ва нангу номуси фарзандони асили он низ мебошад. Аз ин рӯ, соҳиби парчами миллӣ ва ё давлатӣ будан- ин худ рамзи мустақилияту соҳибихтиёрии давлат буда, парафшонии он дар ҳар гӯшаву канори олам аз мавҷудияти ҳамон давлату миллат башорат медиҳад. Барафроштани парчами миллӣ таҷассумкунанади  симои сиёсии ҳар давлати соҳибистиқлол дар миқёси ҷаҳон мебошад», — иброз дошт  Қ. Миралиён.

Дар идома ҳамчунин раиси собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, собиқадори ҷангу меҳнат Тутихон Назарзода, шоири ватансаро Усмон Билолӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли Коллеҷи тибии шаҳри Бохтар оид ба таърихи парчамдории халқи тоҷик, моҳияти Парчами давлатӣ дар таҳкими ғояҳои давлатдорӣ ва муборизаву ҷонбозиҳои фарзандони шуҷои халқи тоҷик баҳри боло нигоҳ доштани Парчами давлатӣ андешаҳои худро изҳор намуданд.

Сипас ғолибони ҷойи ифтихорӣ ва иштирокчиёни фаъоли озмуни вилоятии “Расми беҳтарин” аз ҷониби роҳбарияти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва меҳмонони расмӣ бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

                                   АКСҲО аз КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон 

Ноябрь 24, 2021 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт